Шумори мубталоён ба коронвирус дар олам ба 163 миллиону 312 ҳазору 429 нафар расидааст. Шабонарӯзи гузашта аз ин беморӣ 7 178 нафар фавтиданд ва теъдоди ҷонбохтагон ба 3 миллиону 420 ҳазору 532 нафар расид.
Дар Ҳинд шабонарӯзи сипаришуда наздик ба 263 ҳазору 533 нафар гирифторон ба коронвирус сабт шуданд ва шумори умумии сироятшудагон дар ин кишвар аз 25,4 миллион гузашт. 15% мубталоёни олам ба коронавирус сокинони Ҳиндустонанд.
Дар ИМА шабонарӯзи гузашта 28 634 гирифтори нав ба КОВИД-19 сабт шуд ва шумори умумии сироятшудагон ба COVID-19 32,97 млн нафар эълон гардид. Аз аввали ҳамагирӣ дар ИМА 601 330 нафар ҷони худро аз ин беморӣ аз даст доданд.
Дар Русия зарфи 24 соати сипаришуда 8183 ҳодисаи гирифторӣ ба COVID-19 сабт шудааст. Рӯзи гузашта аз сирояти 9328 нафар хабар дода мешуд. Аз аввали пандемия дар Русия 4 миллиону 957 ҳазору 756 нафар ба ин вирус мубтало шуданд ва 116 575 нафар аз он ҷон бохтанд.
Президенти Қирғизистон Садир Жапаров ба сабаби ширкаташ дар чорабиниҳои байналмилалии оянда ба фаъолияти фасилавӣ гузаштааст.