Сарфи назар аз он ки гунаи ҳиндии коронавирус (Делта) нисбат ба гунаҳои дигари он сироятшаванда ва пурхатар аст ва ҳатто барои ононе ҳам, ки аз ду доза як доза воксинро гирифтаанд, хатар дорад, аммо донишмандон исбот карданд, ки эмкунӣ зидди ин вирус сатҳи ҳимояро маротиб боло мебарад. На танҳо садди роҳи сироят ба шаклҳои вазнини Covid-19 мешавад, балки сатҳи маргумирро ҳам поён мебарад.
Ин аст натиҷаи аввалияи як таҳқиқот, ки хадамоти эпидемиологии британиёии Public Health England гузаронидааст. Донишмандони ин хадамот омори сироятёфтагон дар кишвар аз 12-уми апрел то 4-уми июнро мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор додаанд.
Гуфта мешавад, ки гунаи Делта дар ин камтар аз ду моҳ ба беш аз 14 ҳазор нафар сироят кард ва дар байни онҳо шахсоне ҳам буданд, ки қаблан эм шуда буданд. Аммо танҳо барои 166 нафар зарур омад, ки ба муолиҷаи ҷиддӣ фаро гирифта шаванд ва қисмати бештари онҳо касоне буданд, ки аслан эм нашуда буданд.
Ин пажӯҳиш нишон додааст, ки ҳатто як сӯзандоруи воксини Pfizer 94% қодир аст вазнинтарин гирифтор ба Covid-19 бистарӣ нашавад. Аввалин дозаи воксини оксфордии AstraZeneca бошад 71% қудрати зуд муолиҷа шудан аз шакли вазнини коронавирусро дорад. Баъди қабули дозаи дуввум самароварии ин воксинаҳо мутаносибан 96 ва 92 дарсадро ташкил дод.
Ҳарчанд мақолаи расмие, ки мутахассисони варзидаи Донишгоҳи Оксфорд, Коллеҷи шоҳаншоҳии Лондон ва мактаби лондонии беҳдошт ва битти тропикӣ навиштаанд, ҳоло аз санҷиши пурраи илмӣ нагузаштааст, аммо таҳлилгарон натиҷаҳои аввалияро умедворкунанда медонанд.
Коллективный иммунитет близок?
Мушовири хадамоти эпидемологии Public Health England ва мушофири ҳукумати Британия дар назорат бар бемориҳои сирояткунанда Питер Инглиш натиҷаи ин таҳқиқотро беҳтарин унвон кард ва гуфт, ки ин воксинаҳо самароварии худро дар мубориза зидди гунаи ҳиндии коронавирус нишон доданд. Вай гуфтааст: “Шумори умумии беморони сироятшуда ба гунаи Делта бештар аз 14 ҳазор буда, аммо танҳои 166 нафар дар бемористонҳо бистарӣ карда шуданд. Ин нишондиҳандаи таъсири волои восинаҳо дар шароити ҳамагирӣ мебошад”.
Доктор Инглиш, ки то ба ҳамин наздикиҳо сардабири маҷаллаи машҳури Vaccines in Practice буд, мегӯяд воксинаҳо дар ҳоли мутатсияи идомадори вирус самароварии баланди худро ба намоиш мегузоранд ва ин набояд боиси тааҷҷу бошад.
"Барои мо маълум аст, ки воксинаҳо ба вижа аз шаклҳои вазнини вирус хуб ҳимоя мекунанд. Аммо ҳоло боиси хушист исбот мешавад, ки воксин боиси он мегардад, ки шумори касоне, ки дар беморхона бистарӣ мешаванд низ коҳиш ёбад, ҳатто дар қиболи вазнинтарин мутатсияи он, ки Делтаи ҳидист.
Питер Инглиш ҳамчунин гуфтааст, ки натиҷаи таҳқиқоти нав умедҳоро ба он таҳким мебахшад, ки дар кутоҳтарин фурсат инсоният дар остонаи ҳосил шудани иммунитети ҷамъӣ қарор мегирад. Зерои таҳқиқотҳои дигаре низ ҳастанд, ки мегӯянд воксинаҳо на танҳо барои касони эмшуда муфиданд, балки вирус онҳоеро ҳам сироят намекунад, ки аз воксанзанӣ даст кашиданд.
Ин ҷо сухан аз натиҷаи як пажӯҳише меравад, ки донишмандони Донишгоҳи Тел-Авив ахиран анҷом доданд ва натиҷаи он дар маҷаллаи илмии Nature интишор ёфт.
Ин донишмандон баъди таҳлилу баррасиҳои илмӣ ба ин натиҷа расидаанд, ки то ба 20% афзоиш додани шумори эмшудагон теъдоди сироятшудагонро ду баробар коҳиш медиҳад.
Николай Воронин, ВВС