Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори мубталоён ба коронавирус дар оламро 174 миллиону 382 ҳазору 022 нафар ва фавтидагонро 3 миллиону 752 ҳазору 212 нафар эълон кард. ИМА, Ҳинд ва Бразилия ҳамоно аз зумраи кишварҳое мебошанд, ки шумори бештари мубталоён доранд.
Дар ИМА сирояти шабонарӯзӣ ба коронавирус аз 20 ҳазор нафар поин шуд. Дар ҳолае, ки моҳи январ ин рақам 15 баробар бештар буд.
Бино ба маълумоте, ки вазорати тандурустии Италия расонаӣ кардааст, то 7 июни соли равон шумори фавтидагон аз КОВИД-19 ба 126 588 нафар расидааст. Шабонарӯзи гузашта бар асари ин беморӣ дар ин кишвар 65 нафар фавтида буданд (рӯзе қабл ин рақа 51 нафар эълон шуда буд).
Дар Туркия 5647 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус зарфи шабонарӯзи гузашта ба қайд гиифта шуд ва 495 нафар фавтиданд. Шумори умумии гирифторон ба 5 миллиону 293 ҳазору 627 ва ҷонбохтагон ба 48 255 нафар расидааст.
Дар Аргентина ҳар шабонарӯз аз 30 то 35 ҳазор сироятшудаи нав ба коронавирусро ба қайд мегиранд.
Дар Колумбия зарфи 24 соати охир 30 ҳазор мубталои нав ба КОВИД-19 сабт гардид, ки ин нишондиҳандаи баландтарин аз аввали ҳамагирӣ мебошад.
Ҳинд аз кашфи боз 100,6 ҳазор нафар ва фавти 2427 нафар аз коронавирус хабар дод. То ба имрӯз аз ин беморӣ дар ин кишвар 349 186 нафар фавтидаанд.
Шумори гирифторони шабонарӯзӣ дар Русия 9429 нафар эълон шуд. Теъдоди олудашудагон ба вируси корона дар Москав - 1 201 273 (+3266), фавтидаҳо 20 528 нафар, дар Санкт-Петербург - 445 581 (+854) ва ҷоонбохтагон 14 620 человек, вилояти Москав - 276 584 (+787) ва фавтидагон 6216 нафар, кишвари Хабаровск - 52 894 (+51), ҷонбохтагон 424 нафар гуфта шудааст. Аз аввали ҳа магирӣ дар Русия 5 135 866 олуда ба КОВИД-19 шуданд ва аз ин беморӣ 124 117 нафар ҷони худро аз даст доданд.
Ҳар касе дар Қозоқистон низоми худинзивоъро вайрон кардааст, 87 510 танга (баробар ба 205 доллари ИМА) ҷарима мешавад. Ин чораи маъмурӣ барои касонест, ки ба низоми ҳатмии худинзивоъ фаро гирифта шудаанд. Нақзкунандагони ин низомро бо ёрии замимаи мобилии Ashyq ошкор мекунанд. Ин барнома фош хоҳад кард, ки фард дар карантин аст, вале низоми карантинро риоя намекунад. Қарор аст ин талаботи нав аз 10-уми июн ҷорӣ шавад. То ба имрӯз дар Қазоқистон 395 064 нафар чун сироятшуда ба Covid-19 сабт шуда, аз ин беморӣ то кунун 4 076 нафар фавтидаанд.
Шумори мубталоёни ба коронавирус дар Қирғизистон ба 107 335 ва фавтидагон ба 1 852 нафар расидааст. 102 нафар дар беморхонаҳо дар ҳоли вазнин қарор доранд.
Дар Узбекистон аз аввали пандемия 101 ҳазору 964 нафар олудаи коронавирус шуданд ва 696 нафар даргузаштанд.