Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба коронавирус дар оламро 186 миллиону 638 ҳазору 285 нафар эълон кард ва гуфта мешавад, ки шабонарӯзи гузашта боз 397 ҳазору 892 нафар ба ин ҷамъ пайвастанд. То кунун аз ин беморӣ 4 миллиону 035 ҳазору 037 нафар ҷон бохтанд. Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба даҳгонаи давлатҳое¸ки шумори бештари гирифторон дар ҳафтаи охир доштанд, Бразилия, Ҳинд, Индонезия, Британияи Кабир, Русия, Колумбия, ҶАҶ, ИМА, Эрон ва Аргентина дохил мешаванд.
Аз аввали ҳамагирӣ ин кишварҳо мубталоёни бештар доранд:
ИМА — 34 750 319
Ҳинд — 30 904 734
Бразилия — 19 089 940
Фаронса — 5 813 899
Русия — 5 808 473
Туркия - 5 486 959.
Беш аз 99% фавтидагон аз COVID-19 дар ИМА дар моҳи июн миёни касоне будааст, ки ваксин нагирифта буданд.
Олмон тасмим гирифтааст, ки миқдори бузурги бастаҳои ваксинро ба Украина расонад.
Аз аввали пандемия дар Италия аз коронавирус 127 788 нафар ҷон бохтаанд. Шабонарӯзи гузашта 13 ва рӯзе қабл 7 нафар фавтида буданд. Зарфи як шабонарӯз дар ин кишвар 888 нафар чун мубталои нав сабт шуданд, як рӯз пеш ин рақам 1391 нафар эълон шуда буд.
Русия аз сабти боз 25 140 нафар ба вируси корона хабар дод, дар ҳоле, ки рӯзе қабл шумори мубталоёни нав ба коронавирус 25 033 нафар гуфта шуда буд. Ҳар даҳумин бемор бидуни аломат ба қайд гирифта шудааст. Ҳодисаҳои нави сироятро дар 83 минтақаи Русия ба қайд гирифтаанд. Бештар аз ҳама дар Москав — 5403, Подмосковйе — 2566, Санкт-Петербург — 2029, вилоятҳои Нижегород — 522, Свердлов — 464, Воронеж — 426, кишвари Красноярск — 417 мубталоёни нав сабт шудаанд.
Аз аввали ҳамагирӣ дар Қазоқистон 458 724 нафар гирифторон ба КОВИД-19 сабт шуда, шумори ҷонбохтагон аз ин беморӣ 4681 нафар эълон шудааст. 80% сироятшудагони нав дар шаҳри Олма-Ато ба гунаи “Делта” мебошанд.
Дар Қирғизистон аз аввали ҳамагирӣ 140978 нафарро чун мубтало ба Covid-19 сабти кардаанд. Шумори фавтидагон аз коронавирус дар ин кишвар 2 113 нафар мебошад.
То 13 июли соли равон дар Узбекистон 116 421 ҳодисаи сироят ба Covid-19 ба қайд гирифта шуда, шумори фавтидагон ба 774 нафар расидааст.
Рӯзи 12-уми июл Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар дод, ки давоми як шабонарӯзи охир дар мамлакат 34 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 18 нафар пас аз муолиҷа солим гардонида шуданд. Инчунин, аз бемории мазкур 1 нафар фавтидааст.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 12 июл дар кишвар 13868 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13553 нафар (97,7%) шифо ёфта, дар маҷмӯъ аз ин беморӣ 104 нафар фавтидаанд.
Дар ҳамин замина, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла, пушидани ниқоби тиббӣ, зуд-зуд шӯстани дастон ва фосилаи байниҳамдигариро қатъиян риоя намоянд, омадааст дар иттилоияи ин вазорат.