COVID-19 дар олам ва Тоҷикистон

Зарфи  як шабонарӯзи гузашта дар олам  362 132 сироятшувдаи нав ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст ва аз ин беморӣ боз  6894 нафар фавтидаанд. Дар ин бора рӯзи 5-уми июли соли равон Сзмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод. Бештар аз дигар кишварҳои олам дар ИМА - 33 717 574 нафар гирифтори коронавирус шудаанд. Дар ҷойи дуюм бо 30 585 229 сироятшуда Ҳинд ва дар ҷойи сеюм бо  18 769 808 мубтало Бразилия қарор доранд.

5-уми июл Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ гуфт, ки боло рафтани сатҳи ваксинатсияи аҳолӣ сабабгори афзудани гардишгарии умумиҷаҳонӣ мешавад. Ин созмон хабар дод, ки то кунун 70% маконҳои сайёҳии самти Осиёиву уқёнуси Оромӣ бастаанд. 13% дар Аврупо, 20% дар Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, 19% дар Африқо ва 31% дар Ховари Миёна низ бастаанд.

Иморати Муттаҳидаи Араб кишварест, ки сокинонаш аз ҳама бештар худро зидди коронавирус эм кардаанд. Ва баъдан ҷазираҳои Сейшел, ки то кунун 138 ҳазор дозаи ваксинаро истифода кардаанд ва ин метавонад 71,7 дарсади аҳолиро дар бар бигирад. Баҳрайн 138 ҳазор дода ваксина истифода кардааст, ки метавонад 69,7 дар сади аҳолиро фаро гирад. 

Шумори фавтидагон дар қораи Африқо аз КОВИД-19 аз 145 ҳазор нафар гузаштааст. 

Донишмандони амрикоӣ аз ширкати Vir Biotechnology ва Пажӯҳишгоҳи геномикаи Донишгоҳи Темпл аз пайдоиши 22 мутатсияи нави коронавирус хабар додаанд.  «Мо басо дақиқ мутаттсияҳои нави вирусро, ки зарфи чор моҳи оянда паҳн мешавад, муайян кардем”,-навиштаанд онҳо истинодан ба маълумотҳои ба дастомада. 

Дар Русия шабонарӯзи гузашта  24 353 сироятшудаи нав ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Суръати рушд аз 0,45 то 0,44 дарсад коҳиш ёфт.

Қазоқистон хабар дод, ки аз аввали ҳамагирӣ дар ин кишвар  436 962 ба Covid-19 мубтало шудаанд.

То 6 июл дар Қирғизистон  132 070 ҳодисаи сироят ба коронавирус сабт шуда, сатҳи маругмир аз ин беморӣ 1.55% эълон гардидааст.

Дар Узбекистон аз аввали ҳамагирӣ 113 072 ба коронавирус сироят шудаанд ва сатҳи маргумир бар асари ин беморӣ 0.66% гуфта мешавад.

 

Зарфи як шабонрӯз дар Тоҷикистон ду нафар аз коронавирус фавтиданд ва шумори куштагони ин беморӣ ба 95 нафар расид. 26 нафар сироятшудаи нав сабт шуда ва теъдоди умумии мубталоён дар кишвар ба 13 ҳазору 623 нафар расидааст. Сатҳи маргумир 0,68%.