Дар доираи татбиқи "Нақшаи чорабиниҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемороии COVID-19" кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотиро идома дода истодаанд.
Кормандони Кумита дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат, ноҳияҳои Шаҳринав ва Рӯдакӣ дар байни аҳолӣ бо истифода аз мошини махсуси таблиғотии Кумита вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотиро баргузор намуданд. Ғайр аз ин, дар қисмҳои ҳарбии Кумита, ки дар ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Шаҳринав ҷойгиранд, чорабиниҳои таблиғотиро баргузор намуданд.
Дар рафти вохӯриҳо кормандони Кумита бо нишон додани видеороликҳо ва филмҳои аниматсионӣ, ки дар онҳо оид ба риояи чораҳои пешгирикунанда, гигиенаи шахсӣ ва зарурати муроҷиати барвақт ба духтур ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои аввали бемории коронавирус маълумот омадааст, пешкаши тамошобинон намуданд. Инчунин, дар ҷараёни вохӯриҳо 4 намуди варақаҳо, брошюраҳо ва дискҳо тақдим карда шуд. Ин воситаҳои аёнӣ бо дастгирии Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Юнисеф) омода карда шудаанд. Дар вохӯриҳо зиёда аз 600 нафар кӯдакон, наврасон, хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳолии маҳаллии шаҳрҳо ва ноҳияҳои дар боло зикршуда ширкат варзиданд.