Бино ба маълумоти Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинзи ИМА шумори олудагон ба вируси корона дар олам ба беш аз 151 миллион расидааст. ИМА бо 32 288 909, Ҳинд бо 18 762 976 ва Бразилия бо 14 590 678 мубтало дар сегонаи кишварҳое мебошанд, ки аз ҳама бештар гирифторон ба КОВИД-19 доранд. Шумори ҷонбохтагон бар асари ин беморӣ дар олам ба 3 миллиону 165 ҳазору 999 нафар расидааст.
Ҳукумати Ҳиндустон дар доираи тадбирҳои ҳолатҳои фавқулода дар кишвар ҳарбиёнро бо маблағгузории иловагӣ ба мубориза зидди коронавирус ҷалб намуд. Онҳо ҳам нозирони карантин ва ҳам вазифаҳои дигаре аз ҷумла хизматрасониҳо ба мағозаву дуконҳо ва беморзонаҳоро ҳам ба уҳда хоҳанд дошт.
Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Олмон 24 329 ҳодисаи нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шуд. Ҳамзамон бо ин хабар дода мешавад, ки дар Олмон дар 24 соати гузашта 306 мубталои КОВИД-19 фавтид ва акнун шумори куштагони и н беморӣ ба 8285 нафар расидааст.
Дар Шветсия шабонарӯзи гузшта 46 нафар гирифторони COVID-19 ҷон бохтанд.
Дар Туркия истифода аз воксани русии «Спутник V» иҷозат шуд. Ин кишвар 63-уми кишвари олам аст, ки эмкунӣ бо воксани русии «Спутник V»-ро иҷоза додааст.
Эрон аз марги боз 385 нафар аз COVID-19 хабар дод ва ҳоло шумори гирифторон ба 71 351 нафар расидааст. Зарфи як шабонарӯзи гузашта 19 899 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, 3053 нафар бистарӣ шудаанд.
Гурҷистон гуфт, ки баъди эм шудани 30 дарсади аҳолӣ зидди COVID-19 маҳдудятҳои карантиниро зина ба зина метавон лағв кард.
Дар Молдова зарфи як шабонарӯзи гузашта 370 ҳолати нави сироят ба коронвирус ба қайд гирифта шудааст. Мақомот гуфтаанд, ки дар ин муддат 4262 таҳқиқоти гузаронида шуд.
Дар Украина 10 072 гирифторони нави коронавируси SARS-CoV-2-ро ошкор кардаанд, 3117 нафар дар беморхонаҳои бистарӣ карда шудаанд ва 307 нафар фавтидаанд.
Дар 82 минтақаи Русия шабонарӯзи гузашта 8731 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус сабт шудааст. Дар ин муддат 397 нафар гирифторон ба коронавирус ҷон бохтаанд.
Сардухтури беҳдоштии Қазоқистон Ерлан Қиёсов ба қарори нав имзо гузошт. Тибқи он ҳамаи онҳое, ки бо воситаи ҳавопаймоҳо вориди Қазоқистон мешаванд, бояд ҳуҷҷати олуда набудан ба коронавирусро пешниҳод намоянд ва санаи ин маълумотнома бояд се рӯзи охирро дар бар бигирад.