Ҷомеаи ҷаҳони аз вазъи гирифторон ба коронавирус дар Ҳинд нигарон аст. Тибқи оморҳои расмӣ шумори фавтидагон дар ин кишвар аз КОВИД-19 аз 200 ҳазор нафар гузаштааст. Аммо коршиносон мегӯянд ин рақам ба воқеъият рост намеояд, чун дар кишваре мисли Ҳиндустон, ки бештар аз 1,3 миллиард аҳолӣ дорад, амалан ҳисобу китоби дақиқ имкон ҳам надорад. Боз дар ҳолест, ки механизми сабти ин ҳодисаҳо дар ҳамаи иёлоти ин кишвар дарёфти омори дақиқро номумкин мекунад.
Ҳоло кор ба ҷойе расидааст, ки таваққуфгоҳҳоро дар шаҳрҳои бузург ба маконҳои мурдасӯзӣ табдил додаанд, чун хонаҳои расмии мурдасӯзӣ дигар имкони сӯзонидани ҳамаи ҷонбохтагонро надоранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки журналистони Ҳинд ба омори давлатӣ бовар надоранд ва мустақилона шумори мурдаҳои сӯзондашуда дар хонаҳои мурдасӯзӣ ва тваққуфгоҳҳоро оморгирӣ мекунанд.
Вазъ бахусус дар шаҳри Деҳлӣ нигаронкунанда аст. Дар ин шаҳр одамон дар беморхонаҳо аз нарасидани оксиген ҷон медиҳанд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ахиран изҳор дошт, ки вазъ дар Ҳинд намунаи он аст, ки олам иён ба хоробкориҳои коронавирус бовар кунанд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳукумати Нарендра Модиро ба боди интиқод кашидааст, ки наметавонад маҳдудиятҳои қатъиву шадид ҷорӣ созад.
Масалан, бо вуҷуди он ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бонги изтироб мезад, моҳи марти соли равон дар ин кишвар ҷашнвораи Кум Мило лағв нашуд. Кум Мило як маросими мазҳабие мебошад, ки онро ҳиндуҳо баргузор мекунанд ва бузургтарин маросими зиёратӣ дар ҷаҳон аст. Дар ин маросим наздик ба 150 миллион сокинон гирди ҳам меоянд. Ҳатто дар охирин рӯзҳои баргузории ин маросим, ки вазъ дар Ҳинд ба танашшуҷ гароид, дар он 25 ҳазор нафар ширкат доштанд.
Имрӯз Деҳлии нав ба қароре омадааст, ки дар 150 ноҳияи нисбатан ҷабрдида локдаун ҷорӣ кунад, вале боз ҳам на дар саросари кишвар.
Ҳоло дар Ҳиндустон бо ёрии ҷомеаи ҷаҳонӣ як маъракаи эмкунии сартосарӣ роҳандозӣ шудааст ва ҳукумат гуфтааст, ки то моҳи июн 250 миллион нафарро зидди коронавирус эм мекнуад. Ин ҳам дар ҳолест, ки то кунун ҳамагӣ 1,6 дарсади аҳолии ин кишвар эм шудаанд.
Ҳинд ҳоло аз нарасидани доруворӣ шикоят мекунад, дар ҳоле ки бузургтарин тавлидкунандагони дору Британияи Кабир, Ирландия, Олмон, Сингапур ва Австралия алалкай ба Ҳинд ёриҳои башарӣ равон кардаанд ва бештари он респираторҳо, захираҳои оксиген ва воситаҳои ҳимояи шахсӣ мебошанд.
ИМА хабар дод, ки барои Ҳинд як миллион доза воксани AstraZeneca харидорӣ ва равон мекунад.