Илм ва фанноварӣ

Олимон маргумири умумии ҳашаротҳо ва моҳиёни дарёиро пешгӯӣ карданд

Як пажӯҳиш мегӯяд зимистони гарм дар қаламрави Русия метавонад муҷиби маргумири бесобиқаи ҳашараҳо ва моҳиҳои дарёӣ шавад. Онҳо мегӯянд гармои сартосарӣ, ки ҳоло ба дамои ҳаво дар фасли зимистон ҳам асар гузоштааст, метавонад ба таври фоҷеабор насли хомӯшакҳоро кам кунад ва муҷиби он шавад, ки теъдоди моҳиҳои дарёӣ то се баробар коҳиш ёбад. Дар ин бора ахиран рӯзномаи “Известия” чопи Маскав навишт.

Пажӯҳиш: Вируси короно дар либос беш аз як ҳафта боқӣ мемонад

Короновируси нав метавонад дар сару либос ва дигар ашёи рӯзгор муддати бештар аз як ҳафта зинда бимонад.  Бино ба навиштаи The Journal of Hospital Infection, олимон, ки дар гузашта вирусҳои SARS ва MERS-ро омӯхта буданд, мегӯянд геноми ин се вирус ба ҳам монанд аст. Маълум мешавад, ки микроорганизмҳои беморизо қудрати онро доранд, ки дар модаҳои мухталиф ба мисли дарахт, коғаз, пластика, шиша ҳифз шавад ...

Саҳифае аз таърих: Кӯли Сарез кай ва чӣ гуна пайдо шуд?

Ин кӯл соати 11-у 15 дақиқаи шаби 18 феврали соли 1911 бар асари як зилзилаи сахт ва афтодани кӯҳпора бар сари роҳи рӯди Мурғоб падид омадааст. Роҳбари бахши геофизикии Фарҳангистони Тоҷикистон Собит Неъматуллоев қайд мекунад, ки кушода шудани саргаҳи Сарез воқеъият надорад. Олим мегӯяд, ки ақидаи бархе аз коршиносон дар бораи кушода шудани саргаҳ, ки метавонад Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон

Гармтарин рӯзҳои Қутби Ҷануб: Нигарониҳо аз об шудани яхҳои табиӣ, ки боиси обхезиҳо мешавад

Бино ба гузориши ҳавошиносони Бразилия дамои ҳаво дар Қутби Ҷануб аввалин бор дар таърихи ин чанд садсола бори аввал аз 20 дараҷа боло рафт. Ҳатто гуфта мешавад, ки таърихи Антарктида ин гармиро аслан ёд надоштааст. Карлос Шеффер-олими бразилӣ гуфтааст, ки ин дараҷаи ҳарорат марбут ба 9-уми феврал аст ва ҳаргиз бахше аз таҳқиқоти дарозмуддат нест. 

Пешбинии тӯфонҳои хуршедии барои Замин хатарнок

Олимони Донишгоҳи Варвики Британия Кабир ва хадамоти антарктикии Британия ҳадди хатари тӯфони биомагнитиро, ки бар асари фаъолшавии офтоб рух медиҳад ва қодир аст ба таҷҳизоти электронӣ зарар расонад, шарҳ доданд ва гуфтанд, ки он ҳар 25 сол як маротиба рух медиҳад. Аммо тӯфонҳои хатарнок ва пурқудрат дар ҳар се сол ба вуҷуд меоянд. Дар ин бора нашрияи  Science Alert хабар дод.

Страницы