Илм ва фанноварӣ

ҚИССАҲОИ ҶУҒРОФӢ. Фарҷоми фоҷеабори кашшофи уқёнуси Ором. Васко Нунйес де Балбоа (1475-1517)

Дар асрҳои  XV—XVI Колумб ва ҳамзамонони ҷавонсолу ҳамсафонаш хати соҳилии тӯлониро аз Юкатана то минтақаи тропики Ҷануб кушоданд. Аммо на испониҳо, на португлиҳо талош накарданд, аз соҳил ба дарунтари қора раванд. Барои он ки ин гуна кӯшишҳо мувффақона бошанд, бояд дар соҳилҳо манотиқи аҳолинишини доимӣ  бунёд мекарданд.
Бори аввал ин корро  Алонсо де  Охедо анҷом дод.

Қиссаҳои ҷуғрофӣ. Ном барои Олами Нав. Чаро на Колумб, балки Веспуччи? Америго Веспучи кӣ буд?

Аз миёни ҳамаи қораҳои кашфшуда танҳо Амрико ба номи одами воқеъӣ номгузорӣ шуд. Кӣ буд он? Сарзамине, ки Колумб кашф карда буд, чаро номи ӯро гирифт на номи Колумбро? Он чӣ ба мо аз сафарҳои Веспуччи маълум аст, мӯҳтавои  ду номаи ӯст, ки солҳои 1503 ва 1504 навишта шудаанд. Чун ҳамаи номаҳои дигари иншошуда дар ин мавзӯъ ин ду номаи Веспуччи низ дар як муддати басо кутоҳ миёни мардум паҳн шуданд ва ҳамзамон бо чандин забон тарҷума ва дар чанд кишвари олам интишор ёфтанд.

Қиссаҳои ҷуғрофӣ. Фоҷеаи Колумб - дарёнавард ва кишваркушои машҳур, адмирали баҳру уқёнус. Анҷом

Адмирал аз Доминик ба Эспанола равон шуд ва дар роҳ ҷазираҳои зиёдеро кашф кард. Бисёри онҳо имрӯз ҳам номҳоеро ҳифз кардаанд, ки Колумб дода буд: Гваделупа — ба шарафи ибодатгоҳи машҳури Испания Марияи Муқаддас дар Гвадалупа, Монсеррат — ба ифтихори ибодатгоҳ дар Каталония, Сан-Кристобал — ба шарафи ҳокими Колумб, Христофори Муқаддас, ки баъдан онро инглисҳо ишғол карданд ва номашро ҳамон

Қиссаҳои ҷуғрофӣ. Фоҷеаи Колумб - дарёнавард ва кишваркушои машҳур, адмирали баҳру уқёнус. Бахши дуюм

Рӯзи дигар роҳи гузариш аз сахраҳои азимро пайдо карданд ва Колумб тантанавор ба аввалин замини кушод фуруд омад, вай ба ин бовар буд, ки ба Ҳинд наздик шудааст. Сокинони бумиеро, ки ба макони фуруди киштиҳо омада буданд, ҳиндуҳо номид ва онҳо аз он замон то ба имрӯз бо ҳамин ном шинохта мешаванд. Худи заминеро, ки дар он фуруд омада буданд ва бахше аз ҷазираи Багома (инг.

Қиссаҳои ҷуғрофӣ. Фоҷеаи Колумб - дарёнавард ва кишваркушои машҳур, адмирали баҳру уқёнус. Бахши аввал

Христофор Колумб (1451-1506)

Дар бораи нимаи аввали умри ин дрёнаварди машҳур хеле маълумоти кам дастрас шудааст. Он ки то ҷойе маълум аст Хритофор Колумб  соли 1451 дар Генуя дар хонаводаи бофанда ба дунё омадааст. Генуя он замон шаҳри маллоҳони ҷасуру дарёнавардони моҳир ва косибони чирадасту тоҷирони соҳибтаҷриба, ҳамчунин бонкдорони дар саросарои

Страницы