Илм ва фанноварӣ

Тобистони ғайримуқаррарии 2020. Донишмандон рекорди нави гармо дар Сайёраро пешбинӣ карданд

Тобистони соли 2020 дар ҳақиқат як тобистони ғайримуқаррарӣ буд ва бо тӯфонҳои ваҳшатноку обхезиҳои ҳайратовар ва боз хушксоливу селҳои харобкораш ҳатто аз тобистони соли гузашта фарқ мекард. Донишмандон мегӯянд ин бори дигар тағйири ҷаҳонии иқлимро тасдиқ мекунад ва соли 2020 дар панҷгонаи гармтарин солҳо зарфи ним асрест, ки мушоҳида мешавад.

Хуффош, панголин, бозори Вуҳон? Далеле нест. Изи коронавирус гум мешавад

Ду ҳафта қабл Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон кард, ки дар наздиктарин фурсат гурӯҳе аз коршиносон ба Чин мераванд, то ба донишмандони ин кишвар ёрӣ расонанд, ки манбаъи табиии коронавируси навро, ки то кунун сабабгори бештар аз 580 ҳазор марг шудааст, муайян созанд. Ин созмон мегӯяд тасмими гирифташуда ҳаргиз ба он маъно нест, ки гунаҳгорони ҳамагирии ҷаҳонӣ ошкор шавад.

Пажӯҳиш: Оё Замин ҳам мемирад?

Ҳар касе каме маълумот ва дониш дар бораи кайҳоншиносӣ дорад, ба ин назар ҳатман бовар мекунад: замоне фаро хоҳад расид, ки Замин ҳам мемирад. Аммо суоли КАЙ? як суоли беҷавобест, ки шояд асрҳо инҷониб донишмандон  матраҳ мекунанд, аммо посухашро пайдо намеёбанд. Аниқтараш посухи дақиқи онро. Марги Замин аз ду роҳ имконпазир аст: биологӣ ва геологӣ.

Нигарониҳо аз гармои тоқатшикан дар олам. Донишмандон мегӯянд панҷ соли оянда гармтар аз ин хоҳад буд

Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ аз афзоиши бесобиқаи гармӣ дар тобистони имсол ҳушдор дод. Ин созмон дар охирин гузориши худ сареҳан зикр кард, ки дигар умеде ба коҳиши дамои ҳаво дар олам боқӣ намонда ва талоши кишварҳо барои боздоштани гармии иқлим акнун ба сифр баробар шудааст.

Дар гузориши ин созмон ҳамчунин омадааст,

Пажӯҳиш: Саранҷом, исбот шуд, ки ҳайвонҳо метавонанд заминларзаро пешбинӣ кунанд

Дар диди аввал ин чандон назари тоза нест. Аз қаблҳо ҳам дар ин бора мегуфтанд. Яъне маълум буд, ки баъзе намуди ҳайвонот метавонад заминларзаро қабл аз вуқуъ ҳисс кунад. Вале то кунун далели боварибахши илмӣ дар ин бора вуҷуд надошт. Мушоҳидаҳо илман асоснок нашуда буданд ва дақиқан маълум набуд, ки гунаҳои мухталифи ҳайвонот ҳангоми  таҳаввули ногаҳонӣ чӣ аксуламале аз худ нишон медиҳанд. 

Страницы