Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ аз афзоиши бесобиқаи гармӣ дар тобистони имсол ҳушдор дод. Ин созмон дар охирин гузориши худ сареҳан зикр кард, ки дигар умеде ба коҳиши дамои ҳаво дар олам боқӣ намонда ва талоши кишварҳо барои боздоштани гармии иқлим акнун ба сифр баробар шудааст.
Дар гузориши ин созмон ҳамчунин омадааст, ки то панҷ соли оянда дамои ҳаво 20% болотар аз гармии имрӯз хоҳад буд. Донишмандон баъди таҳлили ин гузориш ба хулосае омадаанд, ки мубориза бо тағйири иқлим дар саросари олам то куҷо мушкил шудааст. Тавофуқи соли 2015 Порис аз роҳбарони ҷаҳон мехост сиёсатҳои худро рӯйи ин омор тамаркуз диҳанд, ки гармо дар олам аз 1,5 дараҷа боло наравад. Вале ҳоло гармии беш аз ин ҳам пешбинӣ мешавад.
Муҳаққиқон ба ин назаранд, ки гармии миёнаи солонаи Замин ҳоло беш аз як дараҷа болотар аз солҳои 1850 мебошад ва эҳтимолан он муддати панҷ соли оянда дар ҳамин ҳад боқӣ мемонад.
Пажӯҳишҳои қаблӣ мегуфтанд имкони афзоиши 1,5 дараҷаи гармӣ дар кутоҳмуддат 10% аст. Аммо ҳоло ин имконият ду баробар шудааст ва ҳар сол он бештар мешавад. Гузашта аз ин баъзе қисматҳои олам имсол ҳам дамои тоқатшикан хоҳанд дошт ва бино ба таҳлили олимон мизони гармии ҳаво дар Қутби Шимол эҳтимолан ду баробар бештар аз нишондиҳандаи миёнаи умумиҷаҳонӣ хоҳад шуд.
Онҳо ҳамчунин пешбинӣ мекунанд, ки дар панҷ соли оянда ба далели боло омадани сатҳи оби дарёҳо тӯфонҳои бештаре дар аврупои ғарбӣ рӯй диҳад.
Ин арзёбӣ тамоюлҳои табиӣ ва инчунин таъсири партовҳои карбонро ба фаъолияти инсон ба назар мегиранд, аммо ин моделҳо пас аз эпидемияи вирусии корона коҳиш ёфтани партовҳои дуоксиди карбонро ба назар намегиранд.
Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ мегӯяд баъид аст коҳиши фаъолиятҳо дар аввали даҳаи 2020 бар гармии иқлим таъсир бигузорад. Профессор Патрик Тарас мудири кулли ин созмон гуфтааст, ки Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ борҳо таъкид кардааст, ки коҳиши фаъолиятҳои саноатӣ ва иқтисодӣ ба сабаби КОВИД-19 ҷойгузине барои иқдомоти пойддор ва ҳамоҳанг барои пешигирӣ аз тағйироти иқлимӣ нест. Ба далели давоми зиёди диоксиди карбон дар атмосфера интизор намеравад коҳиши чашмгири хатар аз тағйири иқлим ба мушоҳида расад”.
Ба гуфтаи ӯ давлатҳо бояд аз фурсате, ки ба таҳияи барномаҳои беҳбуди иқтисодӣ падид омада, барои пешбурди ҷиддии сиёсатҳои маҳори ин тағйирот истифода кунанд.
Манбаъ: ВВС
БОЗ ДАР ИН БОРА: