Илм ва фанноварӣ

Қиссаҳои ҷуғрофӣ. Португалиҳо дар роҳ ба сӯи Ҳинд. Аз Ҳенрӣ Дарёнавард то Васко да Гама. Бахши дуюм

Аз тарси рақобат бо кишварҳои дигар португалиҳо маълумотҳои ба дастомада аз сафарҳои бешумори баҳрии худро пинҳон нигоҳ медоштанд. Аз кишвар берун бурдани харитаҳо бо маълумотҳои наву тоза манъ буд ва фош кардани ҳама гуна асрор дар ин бора ҳукми қатл дошт. Ин тадбирҳо ҳатто боиси он ҳам шуданд, ки кушоишҳои муҳиме ҳам аз назари муосирон ва муаррихон пинҳон монданд.

Қиссаҳои ҷуғрофӣ. Португалиҳо дар роҳ ба сӯи Ҳинд. Аз Ҳенрӣ Дарёнавард то Васко да Гама. Бахши аввал

Португалия, ки дар қисмти ғарбии Аврупо ҷойгир шудаст, гӯё ба истиқболи уқёнуси Атлантик доман кушодааст. Аз қадим ин кишвар бо баҳр мутавассил буд. Аммо дар асри XYI португалиҳо дар миёни дигар кишварҳои наздибаҳрии Аврупо муваффақияти хосе надоштанд. Чун дар ҳама ҷо капитанҳо аз таҷрибаи рондани киштиҳо дар обҳои кушод надоштанд, харитаҳои хуб ва таҷҳизот намерасид.  Ва аз ҳама...

Қиссаҳои ҷуғрофӣ. Аввалин русиёӣ дар Ҳинд. Афанасий Никитин кӣ буд?

Дар соли 1466 сафирони Ширвоншоҳ (Ширвоншоҳон- силсилаи шоҳони маҳаллӣ дар Ширвон (ноҳия дар Қафқоз) ва атрофи он, ки аз охири садаи дуюм то аввали садаи даҳуми хуршедӣ ҳукумат кардаанд. Маркаши ин шоҳигарӣ шаҳри Шоброн ё Шоварон будааст. Ин силсила дар аввали салтанати Аббосиён ташкил шудааст) аз дарбори князи бузурги Маскав Иван III ба Боку бармегаштанд.

Қиссаҳои ҷуғрофӣ. Давраи кушоишҳои бузург, яъне чӣ? Бахши дуюм

Дар марҳилаи аввали Кушоишҳои бузурги географӣ Испания ва Португалия нақши муҳим ва калидӣ бозиданд. Ин ду кишвар бо сабабҳое пештар аз мамолики дигар омода ба иҷрои вазифаҳои мушкиле, ки ҳаёт дар наздашон гузошта буд, шуданд. Муддати чанд даҳсола баҳрнавардони ин кишварҳо роҳи ҷанубу шарқӣ ба кишварҳои Шарқ дар атрофи Африқо ва ҷанубу ғарб давр задани Амрикоро кашф карданд,

Пажӯҳиш: Садҳо фил дар Ботсван аз заҳри сианобактерияҳои микроскопӣ мурданд

Садҳо фил дар Ботсван ҳадафи обсабзҳои микроскопӣ шудаанд. Олимону муҳаққиқоне, ки ин маргумири ногаҳонӣ ва муаммобаргези филҳоро пайгирӣ ва мавриди таҳқиқ қарор дода буданд, ба ҳамин хулоса омадаанд. Ин рӯйдоди фоҷеабор моҳҳои май ва июни соли ҷорӣ рух дода буд ва мо дар ин бора хабар дода будем. Садҳо фили мурда дар Бодствано. Давлат фарзияи шикори ғайриқонуниро рад кард

Страницы