Ин як сарнавишти пурсӯзест аз замони кишваркушоиҳои аврупоиён. Фердинанд Магеллон-пӯянда ва дарёнаварди маъруфи португалӣ, ки дар кишвараш тарҳашро напазируфтанд ва ба Испания рафт, нахустин касе буд, ки аз тариқи ғарб аз Аврупо ба Осиё раҳсипор шуд ва дар уқёнуси Ором киштӣ ронд. Аввалин касе буд, ки бо ҳадафи давр задани кураи Замин роҳбарии як ҳайати бузурги киштирониро ба уҳда гирифт. Дар роҳи сафар ба таври фоҷеавӣ тарки олам кард, вале афродаш тарҳи ӯро ба анҷом расонданд. Аммо...Оламиёнро лозим омад боз бист соли дигар сабр кунанд, то парда аз асрори ин сафар бардошта шавад. Чаро? Матлаби зер посухест ба ин суол.
24 август киштиҳои Магеллон халиҷро тарк карданд. Акнун аз панҷ киштӣ чор киштӣ боқӣ монда буд, чун киштии «Сантяго», ки ба иктишофу таҳқиқ фиристода шуда буд, дар роҳ ба фалокат дучор гардид ва ғарқ шуд. Киштиҳо ба ҷануб ҳаракат карданд ва дар роҳ ҳама пастухмиҳои соҳилҳоро бодиққатона аз назар мегузарониданд. 21 октябр киштиҳои «Сан-Антонио» ва «Консепсон» ба ҷустуҷӯи гулӯгоҳ фиристода шуднд. Ногаҳон тӯфони азим бархост. Вақте ба киштиҳо бепаногоҳмонда хатари нобудӣ таҳдид мекард, маллоҳон хамгаштеро мушоҳида карданд ва саросемавор киштиҳоро барои пинҳон шудан дар ин хамгашт пеш ронданд. Ва маълум шуд, ки ин даромадгоҳи гулӯгоҳ аст, аз паси он халиҷ ва дохилтар боз гулӯгоҳ ва боз халиҷ. Оби халиҷҳо ва гулӯгоҳҳо шӯр буд ва самти ҷараён ба ғарб нигаронида шуда буд. Дигар шаке боқӣ намонд: гулӯгоҳи мавриди ҷустуҷӯ ёфт шуд!
Роҳи гузар тангу мушкил буд ва ҳар беэҳтиётӣ метавонист сабабгори садамаи киштиҳо шавад. Ва ногаҳон киштии «Сан-Антонио» ғайб зад. Муддати якуним сол маллоҳон гумон мекарданд он комил аз даст рафт, вале баъдтар маълум шуд, ки киштӣ фирор кард ва ба Испания баргашт.
Антонио Пигафетта
(итол. Antonio Pigafetta) – нависандаи
итолёвии китоби “Сафарномаи Магеллон”,
ки ба унвони муншии ин дарёгарди машҳур
аввалин сафари даври дунёро ҳамроҳӣ кард.
Се киштии боқимонда аз гулӯгоҳ гузаштанд ва ба паҳнои уқёнуси Ором баромаданд. Ва аввалин бор маҳз маллоҳони Магеллон ин уқёнусро Ором номиданд, чун аз он бидуни ягон тӯфон гузаштанд. Вале ин шино мушкилоти зиёд дошт. Таърихнавис Антонио Пигафетта (итол. Antonio Pigafetta – нависандаи итолёвии китоби “Сафарномаи Магеллон”) дар хотироташ навишт: «Муддати се моҳу бист рӯз мо аз ғизои тозаву солим маҳрум будем. Мо пораҳои нони қоқ мехӯрдем ва чанги ин номҳо бо кирмҳо омехта шуда буд…Мо оби зард менӯшидем, ки муддати чанд рӯз бӯй гирифта буд. Калламушҳо бо нархи ним дукат (воҳиди пулии бисёре аз кишварҳои аврупоӣ, ки соли 1284 ба муомилот баромадааст) фӯрӯхта мешуданд. Аммо бо ҳамин нарх ҳам пайдо кардани онҳ осон набуд…» Бемории исқорбут шурӯъ шуд ва аз он 19 нафар ба ҳалокат расиданд. Пигафетта нақлаш аз ин мушкилотро бо ин ҷумла ба поён расондааст: «Ман бовар дорам, ки сафаре ба ин монанд гумон аст дар оянда сурат гирад».
Пигафетта иштибоҳ мекард. Баъди панҷ соли сафари Магеллон уқёнуси Оромро бо ҳамон самт ду киштии испонӣ ва ба дунболи онҳо дигар киштиҳо гузштанд. Дуруст аст, ки талошҳои убур аз уқёнуси Ором аз самти шарқ муддати дурудароз нокомиҳо дошт. Киштиҳо ногузир ба ҷараёнҳо ва бодҳои мухолиф рӯ ба рӯ мешуданд. Танҳо дар нимаи дуюми асри XVI кашф гардид, ки қисмати шимолии уқнуси Ором ҷараёни об барои ҳаракат ба шарқ мусоид аст. Ва он вақт роҳи дуҷониба миёни Осиё ва Амрико кушода шуд.
Аммо ин ҳама баъдҳо рух дод. Бахт ба рӯи Магеллон гоҳ хандид ва гоҳи дигар на. Аз сӯе ба киштиҳо муяссар гардид, ки бо маллоҳони гуруснаву камҳаракати худ аз тӯфонҳо саломат гузаранд. Аз сӯи дигар хати ҳаракати экспедитсия нобарор буд. Агар киштиҳо каме ҷанубтар ҳаракат мекарданд, аз наздикии ҷазираҳои бешумори Полинезия, ки сабзу хуррам буданд, мегузаштанд. Магеллон ҳоло ба ҷазираҳои Мариан нарасида дар уқёнус ҳамагӣ ду сахраро вохӯрд. Киштиҳо дар ҷазираҳои Мариан зиёд таваққуф накарданд ва ба зудӣ ба ҷазираҳое расиданд, ки хеле баъдҳо ба шарафи валиаҳд Филипп – шоҳи ояндаи Испания Филиппи II Флиппин номида шуданд. Орзу ва ҳадафи муқаддаси Магеллон ҷазираҳои Моллук буд, ки масофа ба онҳо наздик буд, вале ин ҷо Магеллон бо як ҳокими маҳаллӣ дӯст шуд ва дар як ҷанги дохилии онҳо дахолат намуд.
Охирин ҷанги Магеллон дар тасаввури рассом.
27 апрели соли 1521 ин дарёнаврди маъруф дар остонаи амалӣ гаштани орзуяш дар бархӯрди бемаънӣ бо одамони маҳаллӣ кушта шуд. Ҳанӯз аз мотами сарвари экспедитсия дур нашуда, маллоҳонро мусибати дигар пеш омад. Сарвари қабила афсарони киштиҳоро ба зиёфат даъват кард ва баъд хоинона онҳоро саркӯб намуд. Дар ин бархӯрд беш аз 20 нафар кушта шуданд, ки аксри онҳо афроди соҳибтаҷриба ва донишманд дар экспедитсия маҳсуб мешуданд. Зиндамондагон дар ҳоли ногувору вазнин буданд, вале бо вуҷуди ҳамаи ин охири соли 1521 ба ҷазираҳои Молукк расиданд ва дорувори зиёди шаҳватбарангез, аз ҷумла дорчин, гули мехак, чормағзи мускатӣ бо нархи арзон харидорӣ карданд.
Вақте киштиҳо омодаи бозгашт ба Испания мешуднд, хабар расид, ки португалиҳо онҳоро мехоҳанд ба асорат гиранд ва ҳамин замон мерасанд. Мебоист ба зудӣ ба роҳ мебаромданд. Ба қароре омаданд, ки «Виктория» бо сарварии Хуан Себастян Элкано аз роҳи португалии Африқо ба Испания бармегардад. «Тринидад» бояд аз тариқи уқёнуси Ором бармегашт.
Аммо толеъи «Тринидад» омад накард. Вай шаш моҳ дар уқёнуси Ором шино кард ва билохира ба ҷазираҳои Молукк баргашт. Аксари сарнишинони киштӣ ба ҳалокат расиданд, аммо сарнавишти зиндамондагон даҳшатноктар буд. Онҳо ба асорати португалиҳо афтоданд ва қариб ҳамаи онҳо дар зиндонашон мурданд. Танҳо ба се нафарашон муяссар гашт, ки баъди панҷ сол ба Испания баргарданд.
«Виктория» аз уқёнуси Ҳинд гузашт ва 20 майи соли 1522 дар димоғаи Умеди Нек тӯфони шадидро пушти сар гузошт. Дар ин киштӣ низ бисёре аз маллоҳон аз исқорбут, гуруснагӣ ҷон доданд. Ба соҳилҳои Африқо ҷиҳати пайдо кардани ғизо фуруд омадан мумкин набуд, чун рӯ ба рӯ омадан бо португалиҳо фоҷеанок хоҳад буд. Танҳо иродаи сахту шикастнопазири капитани киштӣ буд, ки бо азобу азияти зиёд кори оғозкардаи Магеллонро ба анҷом расонданд. 8 сентябри соли 1522 баъди шиноварии беш аз якунимсолаи бидуни танаффус киштӣ дар соҳили Севиле лангар андохт ва рӯзе пас, чуноне Пигафетта ба ёд меорад, «Ҳамаи мо бо пироҳан ва пойи урён, ҳар кадом шамъе дар даст ба ибодатгоҳ шитофтем…» Метавон ин одамонро дарк кард. Инҳоро мӯъҷизае аз марги иҷборӣ наҷот дод ва чун пой аз киштӣ ба замин гузоштанд, ба шукронаи ин наҷот пеши Худованд зону заданд, то шукри ин неъматашро ба ҷо оранд.
Хуан Себастян.
Аввалин сафари даври олам дар таърихи башар ба поён расид ва он қариб се сол идома дошт. Аз панҷ киштӣ танҳо ба яке муяссар шуд, ки ин сафарро анҷом диҳад ва аз 265 нафар танҳо 18 тан дар анҷоми сафар саҳим буданд. Қаҳрамони ин сафар на Магеллон, балки Хуан Себастян Элкано эълон шуд. Шоҳ барояш нафақаи калони солона, ҳамчунин нишоне, ки кушк – рамзи Кастилия ва зери он дорчин, гули мехак ва чормағзи мускатӣ буд, эҳдо намуд. Нишон тасвири замин дошт ва дар он шиори «Ту аввалин шуда маро гузаштӣ» ҳаккокӣ шуда буд.
Киштӣ дар наздикии сахраи азими уқёнус.
Аммо Магеллон ба нақзи дастурҳои шоҳ ва гӯё бераҳмии исботношуда муттаҳам шуд. Нақши аслии ин дарёнаварди бузург хеле баъдҳо маълум гардид. Арзёбии ин сафар мушкил аст. Баъди 20 соли ҷустуҷӯҳо билохира гулӯгоҳ пайдо шуд ва он номи Магеллонро гирифт. Маҳз ба Магеллон муяссар шуда буд, ки кореро, ки Христофор Колумб оғоз кард ва умрашро ба он бахшид, ба анҷом расонад ва роҳи ғарбӣ ба кишварҳои Шарқро боз кунад.
Сафари Магеллон барои ҳамеша ба баҳсҳо оид ба шакли сайёраи мо анҷом дод ва амалан курашакл будани онро исбот намуд. Муайян шудани андозаи уқёнуси Ором ба ғояи афзалият доштани хушкӣ бар баҳр, ки Колумб ба ин назар буд, низ поён дод. Саранҷом вуҷуди як ҷаҳони уқёнусии олам низ исбот гардид...
Таҳияи Б.Шафеъ
МАТОЛИБИ ДИГАР ҚИССАҲОИ ҶУҒРОФӢ:
-
Саҳифаи нав: Қиссаҳои ҷуғрофӣ
-
Аввалин русиёӣ дар Ҳинд. Афанасий Никитин кӣ буд?
-
Давраи кушоишҳои бузург, яъне чӣ? Бахши аввал
-
Давраи кушоишҳои бузург, яъне чӣ? Бахши дуюм
-
Португалиҳо дар роҳ ба сӯи Ҳинд. Аз Ҳенрӣ Дарёнавард то Васко да Гама. Бахши аввал
-
Қиссаҳои ҷуғрофӣ. Португалиҳо дар роҳ ба сӯи Ҳинд. Аз Ҳенрӣ Дарёнавард то Васко да Гама. Бахши дуюм
-
Марко Поло – аввалин сайёҳи аврупоӣ дар Осиё. Қиссаи машҳуртарин китоби олам, ки дар зиндон навишта шуд
-
Фоҷеаи Колумб - дарёнавард ва кишваркушои машҳур, адмирали баҳру уқёнус. Бахши аввал
-
Фоҷеаи Колумб - дарёнавард ва кишваркушои машҳур, адмирали баҳру уқёнус. Бахши дуюм
-
Фоҷеаи Колумб - дарёнавард ва кишваркушои машҳур, адмирали баҳру уқёнус. Анҷом
-
Ном барои Олами Нав. Чаро на Колумб, балки Веспуччи? Америго Веспучи кӣ буд?
-
Фернан Магеллон ё Хуан Себстян Элкано? Бахши аввал