Ин кӯл соати 11-у 15 дақиқаи шаби 18 феврали соли 1911 бар асари як зилзилаи сахт ва афтодани кӯҳпора бар сари роҳи рӯди Мурғоб падид омадааст. Роҳбари бахши геофизикии Фарҳангистони Тоҷикистон Собит Неъматуллоев қайд мекунад, ки кушода шудани саргаҳи Сарез воқеъият надорад. Олим мегӯяд, ки ақидаи бархе аз коршиносон дар бораи кушода шудани саргаҳ, ки метавонад Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Афғонистонро ба хисороти бузург дучор кунад, беасос аст. Ба гуфти Неъматуллоев ин ақидаҳо хоманд.
Кӯли Сарез дар шаби аз 18 ба 19 феврали соли 1911 дар водии Мурғоб, дар деҳаи Усой аз лағзиши кӯҳ дар натиҷаи заминларзаи шадид ба вуҷуд омад. Ҳоло дар кӯл тақрибан 17 кмЗ об ҷамъ шуда, чуқурии ниҳоии он то 500 метр мерасад. Қувваи заминларза ончунон шадид буд, ки дар Қарокӯл, воқеъ дар 120 километрии маркази заминларза мавҷ яхи моҳи февралии ғафсиаш 80 см – ро ба соҳили шарқии кӯл партофт. Порҳои ҷинсҳои кӯҳӣ то масофаи 34 км аз ҷои лағзиш партофта шуданд. Деҳаҳои Барчидев, Пахор, Савноб, Рухч, Нисур комилан хароб гардиданд ва чун заминларза шаб рӯй дод, талафоти зиёди ҷониро ба бор овард. Дар натиҷаи заминларза 180 нафар, аз он ҷумла, 77 кӯдак ба ҳалокат расиданд. Дар ноҳияҳои Мурғоб, Шуғнон, Рушон, Ишкошим, Хоруғ ва бисёр деҳаҳои воқеъ дар водии дарёҳои Ғунд ва Панҷ низ харобии зиёд ба амал омад. Дар қаламрави Афғонистон, дар Кобул 460 нафар ба ҳалокат расида, дар Қалъаи Явун 240 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Тӯдаи сангу гилу хоку шағали бавуҷудомада дар натиҷаи заминларза, ки садди роҳи дарё Мурғоб шуда, деҳаи Усойро фурӯ бурд, номи ҳамин деҳаро гирифт. Оби дарёи Мурғоб босуръат ҷамъ шуда, то моҳи сентябри соли 1911 деҳаи калони Сарез зери об монд ва ин кӯл номи Сарезро гирифт.
Кӯли Сарезро «Аждаҳои Наздиарал», «Бабри хуфта», «Аждаҳои хуфта», «Нозанини хуфта» ва ғайра меноманд…
Аз Донишномаи озод: Сарез (форсӣ: سریز) — кӯлест дар Помир, дар кӯҳсори Рӯшон, ки дар баландии 3250 метр аз сатҳи дарё воқеъ аст.
Дарозои кӯли Сарез 62 км, паҳнояш 3,3 км, жарфояш то 500 метр аст. Ҳаҷми оби он 17 миллиард метри мукаъаб буда, вазнаш ба ҳисоби миёна ба 19 милён тонна баробар аст.
Ба ғайр аз рӯди Мурғоб, ки аз дарёи Оқсӯи Афғонистон сарчашма мегирад, дар ин кӯл 17 рӯди хурд ва 16 рӯди кӯчаки мавсимӣ мерезанд. Оби изофӣ асосан аз рӯи садд ба поён ҷорӣ мешавад.
Ин кӯл соати 11-у 15 дақиқаи шаби 18 феврали соли 1911 бар асари як зилзилаи сахт ва афтодани кӯҳпора бар сари роҳи рӯди Мурғоб падид омада аст. Дар паи ин зилзила деҳаи Усой дар Бадахшони Тоҷикистон зери хоку санг монда, аз тамоми сокинонаш танҳо як пирмард ва ду писарбача зинда монданд ва 57 нафар дар зери кӯҳпора ҷони худро аз даст доданд. Тамоми ҳайвоноти хонагии онҳо низ талаф шуд. Ҷамъулҷамъ бар асари ин зилзила 105 тан ҷони хешро аз даст дод.
Шиддати дақиқи ин заминларза то ба ҳол мушаххас нашудааст, вале олимон мегӯянд расадхонаи Пулково воқеъ дар наздикии шаҳри Санкт-Петербург ин зилзиларо эҳсос кардааст.
Дар натиҷаи баста шудани маҷрои рӯди Мурғоб хатари зери об мондан ба рустои Сарез ва боз се деҳи дигар таҳдид кард. Сокинони Сарез деҳаву хонаҳо ва дарахту боғзорҳояшонро раҳо карда, тавассути минтақаи Мурғоб ба қаламрави ноҳияи Шуғнон ба деҳаи Сарҳади Бадчор кӯчиданд. Дар ҷои уфтодаи кӯҳпораи Усой кӯли бузурге пайдо шуд ва деҳи Сарезро ба коми худ фурӯ бурд.
Аз ин фоҷеъа мардуми деҳоти поёноби рӯди Мурғоб танҳо баъди 45 рӯз хабар ёфтанд. Волии Рӯшон дар бораи ин фоҷеъа ба қалъаи низомии Русия, ки дар деҳаи Хоруғ воқеъ буд, иттилоъ дод. Русҳо, ки он замон Помир таҳти тасарруфашон қарор дошт, танҳо аз моҳи октябри соли 1913 ба таҳқиқи кӯли нав пардохтанд.
Полковник Григорий Шпилко, сардори гурӯҳи низомии русҳо дар Помир, ки дар айни замон ба ҷуғрофияшиносӣ низ машғул буд, дар таърих нахустин муҳаққиқи ин кӯл маҳсуб мешавад. Бо унвони Сарез низ бори нахуст ин кӯлро Шпилко ном бурдааст.
Ба гуфтаи аксари олимони ҷуғрофияшинос ва иқлимшиноси собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мамолики муштаракулманофеъ кӯли Сарез ба вазъи ҷуғрофӣ ва иқлими на танҳо кӯҳистони Помир, балки тамоми Осиёи марказӣ таъсири бунёдӣ гузошт. Ҳамакнун Сарез бо назардошти хатари эҳтимолии он дар гуфтаҳо ва навиштаҳо аксаран бо унвони «аждаҳои хуфта» ёд мешавад.
Зеро донишмандон мегӯянд дар сурати рахнаи садди кӯли Сарез, ки дар минтақаи зилзилахез воқеъ аст, дар тӯли 12 соат як қисми хоки Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон зери об хоҳад монд ва эҳтимоли кушта шудани ҳудуди 5 милён одам аз ҷумлаи сокинони ин кишварҳо вуҷуд дорад.
Хатари эҳтимолии рахнаи садди Сарезро олимони табиатшинос ба се омил марбут медонанд: вуқӯъи заминларза, афзоиши сатҳи об ва рехтани кӯҳпораҳои атроф.
Роҳбари бахши геофизикии Фарҳангистони Тоҷикистон Собит Неъматуллоев қайд мекунад, ки кушода шудани саргаҳи Сарез воқеъият надорад. Олим мегӯяд, ки ақидаи бархе аз коршиносон оиди кушода шудани саргаҳ, ки метавонад Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Афғонистонро ба хисороти бузург дучор кунад, беасос аст. Ба гуфти Неъматуллоев ин ақидаҳо хоманд.
Мирзошо Ватаншоев, журналист, корманди Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон. Бозчоп аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук.