Бовари феълии пажӯҳишгарон ин аст, ки аз ҳар ҳазор нафаре, ки ба вируси короно мубтало мешаванд, байни панҷ то чиҳил нафар ҷони худро аз даст медиҳанд. Дақиқтарин тахмин 9 нафар дар ҳазор нафар аст, яъне ҳудуди як дарсад.
Ин аст хулосаи як пажӯҳише, ки ахиран ВВС нашр кардааст. Аммо омилҳои дигаре низ вуҷуд доранд: синн, ҷинс, вазъи саломатӣ низоми хадамоти дармонии маҳалли зиндагӣ. Дар бисёр ҳолатҳо вирсуҳои зиёди сироятшуда ошкорнашуда боқӣ мемонанд, чун аксари касоне, ки нишонаҳои сабук доранд, маъмулан ба духтурон муроҷиат намекунанд.
Бино ба гузориши ВВС таҳқиқоте, ки Коллеҷи императории Лондон анҷом дод, нишон медиҳад, ки ин тафовут ношӣ аз бартарии баъзе аз кишварҳо дар ёфтани мавридҳои нисбатан сабуки сирояти вирус будааст. Аз ин рӯ, набудани кашфи тамоми мавридҳои сироят боис мешавад, то баҳои маргумир беш аз ҳадди зиёд тахмин зада шавад. Аммо эҳтимоли кам тахмин задани маргумир низ вуҷуд дорад.
Донишмандон барои нақши тасвири комил аз маргумир ҳамаи аснод ва мадорики марбут ба ин пурсишҳоро ба якдигар омезиш медиҳанд. Аммо фарқиятҳои кӯчаке, ки дар посухҳо аз ин аснод ба даст меояд, боиси тағйироти бузурге дар тасвир мешавад. Масалан агар танҳо аз маълумотҳои вилояти Ҳубӣ дар Чин истифода шавад, ки маргумир ба маротиб болотар аз боқӣ вилоятҳост, омори куллӣ ба маротиб бештар мешавад. Аз ин рӯ, донишмандон боз ҳам таҳқиқ мекунанд ва дақиқтарин тахминро пешниҳод мекунанд. Аммо ҳатто ин ҳам комил нест, зеро мо то кунун танҳо як омори маргумир надорем. Аз нукоти зиёд омори гуногун мерасад.
Эҳтимоли марги баъзе мардум, аз ҷумла солхӯрдагон, беморон ва шояд мардон аз сирояти короно бештар аст. Дар аввалин таҳлили бузург, ки бо истифода иттилоот 44 ҳазор мардуми мубтало дар Чин сурат гирифт, маргумири солхӯрдагон даҳ баробар бештар аз миёнсолон буд. Камтарин маргумир дар байни афроди зери 30 сол дида мешавад: ҳамагӣ 8 марг дар байни 4500 нафарони сироятшуда.
Маргумир миёни афроде, ки бемориҳои қанд, фишори хуни боло, қалб, диққи нафас доштанд, низ 5 баробар бештар аз дигарон буд. Дар айни замон мардон аз ин беморӣ назар ба занон каме бештар фавтиданд. Аз он ҷо, ки тамоми ин мавридҳо ба навъе бар якдигар таъсир мегузоранд, аммо наметавонем мушахасан бигӯем, ки гурӯҳои гуногун дар нуқоти мухталиф чӣ андоза дар хатаранд.
Хатароте, ки мардони 80-соларо дар Чин таҳдид мекунад, мумкин аст бо мардони ҳамсиннашон дар Аврупо ё Африқо мутафовут бошад. Дар айни ҳол сифати дармон низ метавонад ба сарнавишти шумо таъсир гузорад, кайфияти дармон низ ба имконоти мавҷуд ва марҳилаи эпидемия бастагӣ дорад. Агар эпидемия шиддат бигирад, низоми хадамоти дармонӣ шояд тавони муқобила бо ҳама надошта бошад, чунки теъдоди бахшҳои вижа ва дастгоҳҳои нафаскашии маснӯии мавҷуд дар минтақа маҳдуд аст.
Муқоисаи омори маргумир ғайримумкин аст, зеро хеле аз касоне, ки сабук сироят мешаванд, ба духтурон муроҷиат намекунанд. Аз ин рӯ, мо иттилооти дақиқ аз теъдоди сироятшудагон ба вирус надорем. Ҳатто зуком ҳар сол зимистон боиси марги одамон мешавад. Ҳар қадар иттилооти омории мо такмилтар шавад, тасвири мо низ аз таҳдиде, ки эпидемияи вируси короно мутаваҷҷеҳи гурӯҳҳои мухталиф мешавад, комилтар хоҳад шуд.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, ки муассиртарин роҳ барои муҳофизат дар баробари сироят аз ин бморишо шустани давтҳо, дурӣ кардан аз афроде, ки сурфа ва атса мезананд ва даст назадан ба чашмҳо, бинӣ ва даҳон аст.