Имзои Протокол дар бораи воситаҳои техникӣ ва таҷҳизот барои КҲФ
Чоп шуд: 14/03/2019 | adminБар асоси Созишномаи қаблан имзошуда дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва техникӣ, ҳамчунин мувофиқи табодули номаҳо дар бораи расонидани ёрии техникӣ миёни Ҳукумати ҶМЧ ва Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудифиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Протокол оид ба расонидани воситаҳои техникӣ ва таҷҳизот барои воҳидҳои КҲФ баргузор шуд.