Чунин навишт “Ҷумҳурият”...

“Ҷумҳурият”-нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз охирин шуомраҳои худ таҳти унвони “КҲФ. Офатҳои табиӣ тамоили камшавӣ доранд” навишт:  Давоми ёздаҳ моҳи соли равон дар кишвар 165 ҳолати фавқулода ба қайд гирифта шудааст, ки 21 ҳолат ба хоҷагии халқи мамлакат зарари моддӣ расондааст. Соли гузашта бошад, 879 ҳодиса сабт гардида буд, ки 89 ҳолат ба хоҷагии халқ зарари моддӣ расонда буд.

Одамони дорои имкониятҳои маҳдудро дар ҳолатҳои фавқулодда чӣ гуна бояд наҷот дод?

Мардону занон ва бачаҳое, ки маъюбанд ва имкониятҳояшон дар зиндагӣ маҳдуд шуда, дар ҳоли офатҳои табииву ҳолатҳои фавқулодда ба ёрии бештару таваҷҷӯҳи хос ниёз доранд. Онҳо на мисли солимонанд, ки бе ёрии дигарон барои наҷоти худ кӯшанд. Аз ин рӯ боистӣ, ки воҳидҳои наҷот дар ҳолатҳои фавқулода бештар мутаваҷҷеҳи ин афрод бошанд ва ба кумаки онҳо сари вақт шитобанд.

Ба бачаҳо қоидаҳои бехатарӣ меомӯзем

Муҳтарам корбарони сомона! Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи Шумо филмҳои омӯзишии аниматсионӣ барои бачаҳоро пешкаш мекунад. Ин филмҳо барои дарки воқеъияти хатар ва риояи техникаи бехатарӣ бештар муфиданд. Ҳангоми баррасии осеб дидани бачаҳо мо борҳо ин суолро матраҳ кардаем, ки чаро беш аз дигарон маҳз кӯдакон

Ширкаткунандагони давраи омӯзишӣ соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд

8 декабри соли 2018 дар Маркази таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани шаҳодатномаҳо ба кормандони КҲФ, ки дар давраи омӯзишии “Чорабиниҳои эвакуатсионӣ дар минтақаҳои аз фалокат зери обмонда дар ҳолати рахнашавии иншоотҳои гидротехникӣ” ширкат карда буданд, баргузор шуд. Ин давраи омӯзишӣбо дастгирии созмони

Дар як садамаи маргбори кишвари Краснодари Русия 5 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд

6 декабри соли 2018 дар километри 9-уми роҳи мошингарди  Усть-Лабинск –Лабинск – Упорная кишвари Краснодар бар асари бархӯрди мошини ВАЗ 2114 ва мошини Ёрии таъҷилӣ 6 нафар ба ҳалокат расиданд, ки 5 нафари онҳо шарҳвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. Ду тани онҳо бачаҳои аз 4 то 8-сола ва се хонуми  68, 33 ва 22 – сола.
Дар садамаи маргбор 4 нафари дигар захмӣ шуданд, аз онҳо

Страницы