Наҷоти кӯҳгардони раҳгумзада баъди 19 соати оғози ҷустуҷӯ

Боз як амалиёти наҷоти шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвар бо муваффақият ба анҷом расид. Ба дунболи наҷоти чаҳор гардишгари исроилӣ дар кӯҳҳои Бадахшон ин бор куҳнавардони раҳгумзадаи Федератсияи Русия наҷот дода шуданд.  Амалиёти ҷустуҷӯ 19 соат давом кард.

Наҷотдиҳандагони воҳиди вокуниши сареъи КҲФ дар водии Зарафшон рӯзи 22 сентябри соли равон як амалиёти муваффақонаро дар ҷустуҷӯи ду кӯҳнаварди раҳгумзадаи Русия дар кӯҳҳои Фон воқеъ дар шимоли кишвар ба анҷом расониданд. 

Занги даъват ба кумаки кӯҳгардони гумшуда -А.В.Кудрини 58-сола, сокини шаҳри Нижний Новгород ва ҳамсафари вай хонум Л.И.Писарчуковскаяи 39-сола, сокини шаҳри Владикавкази Федератсияи Русия аз ҷониби сарвари ин гурӯҳ Константин Гарнага расид. Вай хабар дод, ки ду нафар аз узви ин гурӯҳ бо мақсади дидани қаторкӯҳ рафтанд ва дар вақти муайншуда дар иртибот нашуданд. Ҳамоно робита бо ин ду нафар вуҷуд надорад. 

Барои гузаронидани чораҳои наҷот як гурӯҳи наҷот даст ба кор ва аз роҳе, ки онҳо оғоз карда буданд, ба кӯҳ боло шуд. 

Корҳои ҷустуҷӯву наҷот дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи урдугоҳи кӯҳнавардии “Артуч” сурат гирфтанд. Баъди 19 соати ҷустуҷӯҳо кӯҳгардони рус пайдо ва то ба урдугоҳашон оварда шуданд.

Онҳо изҳор доштанд, ки ниёз ба ёрии тиббӣ надоранд.

Дар ин амалиёт панҷ нафар наҷотдиҳандагон ва як техника ҷалб шуда буд. 

Маврид ба ёдоварист, ки дирӯз аз наҷоти чаҳор гардишгари исроилӣ, ки дар баландии 4700 метр аз сатҳи баҳр дар кӯҳҳои Помир раҳгум зада буданд, хабар дода будем.  Кормандони воҳиди вокуниши сареъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ВМКБ-ро лозим омад барои наҷоти онҳо чаҳор шабонарӯз талош кунад ва билохира шаҳрвандони хориҷӣ бе ҳеч осебе ба шаҳрҳои Хоруғ ва Душанбе интиқол дода шуданд.

барчасп: