Имзои Ёддошти тафоҳуми кумаки воситаҳои техникӣ барои воҳидҳои наҷоти КҲФ

Маркази дастгирӣ ва ёриҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ барои минбаъд таҳкими зарфиятҳои техникии  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда расонидани кӯмакҳоро идома медиҳад. Тибқи созише, ки имрӯз ба имзо расид, ин Марказ қарор аст ба Кумита булдозеру экскватор ва мошинҳои боркаши пуриқтидор ва ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як адад экскватори тасмачарх таҳвил диҳад.

Соли нави бехатар: Кадом қоидаҳои бехатариро бояд дар шабҳо ва рӯзҳои таҷлили Соли нав риоя кард?

Соли Нав ҷашни деринтизор ва сурурангез аст. Омадани Соли навро мо як соли дароз интизорӣ мекашем, чун бо қудуми он ба хонадони мо шодиву сурур ворид мешавад, хушҳолӣ мекунем, соли куҳанро мегуселонем ва қудуми Соли навро хуҷаста медонем. Аммо ин суруру ин хушиҳои мо бояд ҳамешагӣ бошанд. Бояд коре кунем, ки аз таҷлили Соли нав ранҷе ба мо нарасад, ёди шабҳову рӯзҳои таҷлил хотирмону ҳамешагӣ бошад.

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Паёми Пешвои миллатро мустақиман шуниданд

Имрӯз дар Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошои дастаҷамъии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон | Видео

26.12.2018 12:21, шаҳри Душанбе

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!

Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати

Садамаи дуюмин ҳавопаймо дар Конго зарфи як ҳафтаи охир

Сафири Русия дар Ҷумҳурии Демократии Конго Алексей Сентебов эълон кард, ки ҳавопаймои номуваффақ ба заминнишаста дар шаҳри Бени шарқи ин кишварро халабонҳои рус идора мекарданд. Ҳавопаймои тамғаи Ан номуваффақ ба замин нишастааст ва бар асари он наздик ба 40 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Хабар дода мешавад, ки ҷароҳати 8 сарбоз хеле шадид ва нигаронкунанда  аст.

Страницы