Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд як соли фаъолияти худро ҷамъбаст кард
Чоп шуд: 10/01/2019 | adminДар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд таҳти раисии сардори раёсат ва ширкати сардори шуъбаи маъмурӣ-ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Раиси вилояти Суғд Т.Тӯйчизода ҷаласаи ҷамъбастии кори воҳидҳои сохтории КҲФ дар соли 2018 баргузор шуд.
Полковник Б.Додиён – сардори Раёсати Кумита дар вилояти Суғд ҷаласаро ифтитоҳ кард ва дар бораи тамоилҳои калидии фаъолиятҳои Раёсат дар соли сипаришуда ҳарф зад.