Эмомалӣ Раҳмон: Хоинони миллати тоҷик ҳанӯз аз нияту нақшаҳои харобиоварашон даст накашидаанд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба ифтихори Рӯзи дониш гуфтанд, ки мардуми Тоҷикистон ҳамеша хостори сулҳу оромӣ дар саросари ҷаҳон буда, хурду бузурги кишвари мо барои ҳифзи ин неъмати бебаҳо саъю талош мекунанд. Зеро ҳанӯз дар оғози соҳибистиқлолӣ хоинони миллати тоҷик бо пуштибониву маблағгузории хоҷагони хориҷии худ мардуми моро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор карданд.

Озмуни нави Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои Раёсати тиббии Кумита

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои

Тамринҳои омӯзишӣ дар ВМКБ ва вилояти Хатлон

Аз 27 то 30 августи соли равон аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои авқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғи ВМКБ ва ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон омӯзиши маҷмуъии зерсистемаи ҳудудии Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар мавзуъи “Амали мақомоти идорӣ ва нерӯҳои вилоятӣ ва ноҳиявии зерсистема ҳангоми таҳдид ва зуҳури ҳолатҳои фавқулода  дар сурати боришоти шадид, ки боиси омадани сел мешаванд” ташкил ва гузаронида шуд.

Ҳушдор: Ҳаждаҳ моҳ муҳлат барои наҷоти кураи Замин

Оташсӯзии ҷангалҳо,  гармои бесобиқа ва хушксолӣ: донишмандон ҳушдор додаанд, ки шароит сахттар хоҳад шуд ва ҳатто агар тавофуқномаи иқлимии Порис ба таври комил риоят шавад, наметавон аз афзоиши гармои замин ва боло рафтани оби дарёҳо пешгирӣ кард.

Эълони вазъи фавқулода дар кишвари Приморе

Боронҳои пуршиддат ва селҳои азим муҷиби эълони вазъи фавқулода дар Приморе шуд. Дар ин бора маъмурияти кишвари Приморе ба хабарнигорон иттилоъ дод.  Манбаъ гуфтааст, ки сарвари минтақа Олег Кожемяко дар ҷаласаи комиссияи ҳолатҳои фавқулода ин қарорро имзо кардааст.

Страницы