Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии кишвар рӯзҳои 6-7 ноябри соли 2019 дар ноҳияҳои даштӣ, кӯҳӣ ва наздикӯҳии мамлакат дар қабати болои хок ҳарорати ҳаво то 3 дараҷа сард мешавад.
Ин гуна ҳарорат барои рустаниҳои кишоварзӣ хатарнок аст ва эҳтимолияти рӯйдодҳои алоқаманд ба ҳодисаҳои гармиву сардӣ барои одамонро зиёд мекунад. Ҳолатҳое ҳам пеш меоянд, ки бар асари зиёд истифода бурдани таҷҳизоти гармкунӣ муваққатан интиқоли нерӯи барқро қатъ кунанд.
Барои муҳофизати гиёҳҳо дар баробари сармо лозим аст паноҳгоҳи онҳо бо пленкаи полимерӣ, маводи нобофт ё пахол пӯшида шаванд. Яке аз паҳншудатарин воситаи мубориза бо сардӣ дар боғҳои ҳосилдиҳанда ин дудандозӣ ва бо об тар кардани онҳост.
Ба ронандагон лозим меояд қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва суръати ҳаракатро риоя намоянд. Вақте аз хона берун мешавед, бояд тирезаҳоро пӯшед, дарҳои айвонатонро бандед, ҳама асбобҳои барқиро хомӯш кунед. Аз истифодаи таҷҳизотҳои корношоям худдорӣ намоед.
Дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода ва ё рӯйдоди нохуш ба КҲФ бо телефонҳои "112", 93 880 28 19 ва ё 223 13 11 муроҷиат намоед.
--------------------------------------------------------------
Моро дар Телеграмма пайгирӣ кунед
https://t.me/khftj
--------------------------------------------------------------