Рӯзе, ки гузашт: Ҳалокати марди 32 –сола аз сангпартоии ду ҷавон дар Куҳистони Масчо. Сӯхтор дар ошхонаи “Ҳоҷиён”-и пойтахт
Чоп шуд: 30/12/2019 | adminТибқи маълумоти сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд рӯзи 29-уми декабри соли равон дар деҳаи Оббурдон, ҷамоати деҳоти Иван Тоҷики Кӯҳистони Масчо Партавзода Шермуҳаммади 17-сола бо дӯсташ Муллозода Масъудҷони 18-сола аз баландӣ ба зер санг партов кардаанд ва аз зарби ин сангҳо Маҳмадзамон Наврӯзон, сокини ҳамин деҳа ба ҳалокат расидааст.