Табибони Лаҳистон вориди пойтахти кишвар шуданд

Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки шоми 6-уми июни соли ҷорӣ гурӯҳи табибон аз Лаҳистон ба шаҳри Душанбе фуруд омаданд. Ин гурӯҳ аз 16 нафар иборат буда, онҳоро ҳамчунин се нафар коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамроҳӣ мекунанд.  Дар назар аст, ки гурӯҳи табибони лаҳистонӣ ба манотиқи гуногуни Тоҷикистон сафар карда, тайи як моҳ дар беморхонаву муассисаҳои табобатии мамлакат бо табибони тоҷик табодули таҷриба менамоянд.

Манбаъ мегӯяд, баъд аз ташрифи ҳайати техникии СҶТ ба Тоҷикистон 1-11 майи соли равон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҷониби коршиносони Бюрои минтақавии СҶТ ҳисобот ва тавсияҳо пешниҳод гардиданд. Яке аз он тавсияҳо даъвати гурӯҳҳои сайёри фавқулодда бо мақсади фаъолияти якҷоя бо мутахассисони соҳаи тандурустии Тоҷикистон буд.

Бино ба гузориши манбаъ  охири моҳи майи соли равон  бо ибтикори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ гяк урӯҳи иборат аз 14 нафар аз музофоти Шенсӣ ҷиҳати табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар роҳи пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 ба Тоҷикистон  омада буданд.

Дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо бародаршаҳрҳо ва Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавӣ ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла  коронавируси COVID-19 аз Чин ба пойтахти мамлакат ҳамчун кумак таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ дастрас карда шуд.

Ҳамчунин, бо ҷонибдорӣ аз ташаббусу тадбирҳои муҳиму саривақтии Раиси шаҳри Душанбе Сафорати Чин дар Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт 5 адад дастгоҳи нафасгирии сунъӣ   (ИВЛ),  Ҳукумати мардумии музофоти Шенсӣ — 10 адад дастгоҳи нафасгирии сунъӣ (ИВЛ), 2400 баста либоси муҳофизатии яккарата, 9500 адад ниқоби муҳофизатии тиббӣ, 45000 ҷуфт дастпӯшакҳои яккарата, 45000 дона бахил ва аз ҷониби Комиссияи ҳамҷаворӣ ва дӯстии Созмони Ҳамкории Шанхайи Ҷамъияти дӯстӣ бо кишварҳои хориҷаи музофоти болозикр зиёда аз 3000 реагенти кислотаи нуклеин барои муайянсозии сирояти коронавирус кумак намуданд. Тамоми таҷҳизот ва лавозимоти тиббии дастрасшуда, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла  коронавируси COVID-19 ва муолиҷаи гирифторони ин беморӣ пешбинӣ шудаанд, ба муассисаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар шаҳри Душанбе супорида шуданд.

барчасп: