Ду садамаи мудҳиш дар як рӯз. Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ронандагон: ҚОИДАҲОИ ҲАРАКТРО РИОЯ КУНЕД!
Чоп шуд: 01/06/2020 | redaktor
Баъд аз зуҳри рӯзи 31-уми майи соли равон дар километри 109 шоҳроҳи Душанбе – Дарвоз - Хоруғ, мавзеъи Шаҳидони ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Автомашинаи тамғаи “Опел Астра”, ки аз ҷониби як сокини 51-солаи деҳаи Роҳрави ҷамоати деҳоти М.Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ идора мешуд, дучори садама шуд.





