Тозахабори ин соат: Ғарқшудагони номурод

Боз ду марг, марги ду ҷавонмард. Яке 23-сола ва дуюмӣ 18-сола. Ду нафаре, ки мехостанд рӯзи гармро дар соҳили дарё пушти сар кунанд, ду нафаре, ки шояд шиновар набуданд, вале рӯ ба оби пуртуғён оварданд. Яке дар Вахши пуртуғён ғарқ шуд ва дигар дар канали калони Ҳисор. Ду ҷавоне, ки аз сад гули орзу як гул ҳасм начида буданд. Ду ҷавоне, ки акнун орзуҳои ширини худро ба хок бурданд. Халқ мақоле дорад: “Эҳтиёт ними ҳаёт”. Ва агар шумо қасди истироҳат дар соҳили обҳо доред, вале шиновар нестед, пас лутфан қоидаҳои бехатариро риоя намоед, то сарнавишти ғарқшудагонро такрор накунед.

Дуюмин рӯз аст, ки кормандони наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷасади дар об ғарқшудаи як сокини  23-солаи деҳаи Пахтакори ноҳияи Кушониёнро меҷӯянд. Дониёр Азизов-ин сокинои ноҳия Кушониён ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст.

Хабари ғарқи дарё шудани ӯ ба Раёсати КҲФ дар Хатлон рӯзи 3-уми июн расид ва худи ҳамон лаҳза кормадони наҷот, ғаввосони Раёсат ба ҷойи ҳодиса рафтанд ва то бегоҳ ҷасадро кофтанд. Вале ҷустуҷӯҳои рӯзи аввал натиҷа надод ва имрӯз, 4-уми июн корҳои кофтуков аз сар гирифта шуданд.

Тафсилоти хабар нашр мешавад.

 Ҳамчунин баъди аз зуҳри дирӯз, 3-уми май сокини 18-солаи деҳаи Мирзочӯли ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми оббозӣ дар канали калони Ҳисор ғарқ шуд. Корҳои ҷустуҷӯи ҷасади ғарқшуда дирӯз то соати 20:05 дақиқа идома дошт, вале он бенатиҷа анҷомид.

Субҳи имрӯз, соати 03:00 сокинони деҳа ҷасадро тақрибан 70 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса мушоҳида карданд ва он аз об берун оварда шуда, ба пайвандонаш супурда шуд.

Дар бораи ҳуввияти ғарқшуда маълумоти бештар дастрас нест.

барчасп: