Чаро вирусҳо бештар аз ҳайвонот ба инсон мегузаранд?

Дар ҳоле, ки олам дар мубориза бо КОВИД-19 дасту панҷа нарм мекунад, донишмандонро ин суол машғул дошта, ки чаро тайи чанд соли охир вирусҳои кушандаву маргбор аз ҳайвонот ба инсон сироят мешаванд? Ахиран ВВС таҳлиле интишор дод, ки бо каме ихтисор онро чоп мекунем.

Дар ҳоле ки тағйироти иқлимӣ ва ҷаҳонӣ шудани равишу тариқи  рафтори мутақобили инсонҳо ва ҳайвонотро тағйир медиҳад, эҳтимолан ин хатар дар оянда мушкили бузургтаре хоҳад буд. Дар тӯли 50 соли гузашта шуморе аз бемориҳои сироятӣ пас аз интиқол аз ҳайвонот ба инсон ба шиддиат густариш ёфтанд. Дар даҳаи 1980 буҳрони вируси ВИЧ бо интиқоли он аз гоминидҳо ба инсон шуруъ шуд,  дар солҳои 2004 то 2007 хуруҷи зукоми паранда ба далели сирояти вируси он аз парандагон ба инсон буд ва дар соли 2009 ин хукҳо буданд, ки боиси хуруҷи густардаи зукоми хук шуданд.

Ахиран маълум шуд, ки  омили як бемории ҷиддӣ вирусе буда, ки  аз гурбаҳо ба хаффош ва баъдан ба инсон сироят ёфтааст. Вируси бемории эбола ҳам аз хаффошҳо ба инсон мунтақил шуда буд.

Дар тӯли таърих ҳамроҳи бемориҳое аз ҳайвонот ба инсон сироят карда ва дар ҳақиқат омили бештари бемориҳои сироятии ҷадид ҳайвоноти ваҳшӣ шуданд. Бештари ҳайвонот барангезандаи бактерияҳое ҳастанд, ки метавонанд,  сабабгори беморӣ шаванд.

Тағйироти муҳити зист ва иқлимӣ зистгоҳи ҳайвонотро аз байн бурд ва наҳваи зиндагӣ, макони зиндагӣ ва ин ки кадом ҳайвон кадом ҳайвонро тағзия мекунадро иваз мекунад.  Равиши зиндагии инсонҳо ҳам тағйир карда – акнун 55 дарсади ҷамъияти дунё дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд, дар ҳоле ки 50 сол қабл танҳо 35 дарсади ҷамъияти дунё шаҳрнишин буданд. Ва шаҳрҳои бузургтар барои ҳайвоноти ваҳшӣ -–муши саҳроӣ, энотҳо, санҷоб, рубоҳ, парандагон, шағол ва маймун, ки метавонанд дар фазои сабз, ба мисли паркҳо ва боғҳо зиндагӣ кунанд ва барои худ маъвогоҳи тозае пайдо намоянд.

Бештари ҳайвонот дорои як ришта бактерияҳо ва вирусҳое мебошанд, ки метавонанд муҷиби беморӣ шаванд. 

Чӣ касоне бештар дар маърази хатар ҳастанд? Маъмулан шаҳрнишинони фақир ағлаб дар риштаҳое кор мекунанд, ки бо низофат ва беҳдошт сару кор дорад ва ин навъ корҳо хатари тамоси онҳо бо манбаъҳо ва ноқилони бемориҳоро афзун мекунад. Ҳамчунин мумкин аст бар асари ғизои бад ва қарор доштан дар маърази ҳавои касиф ё шароити ғайрибеҳдоштӣ системаи масунияти бадании ин гурӯҳ заъифтар бошад ва агар мариз шаванд, мумкин аст тавоноии пардохти ҳазинаи муолиҷаро надошта бошанд. Ва боз аз он ки дар шаҳрҳо мардум маъмулан дар ҷамъи зиёд ҳаёт ба сар мебаранд. Аз як ҳаво нафас мекашанд, бемориҳои нав метавонанд басуръат паҳн шаванд.

 

БОЗ ДАР ИН БОРА:

Нигаронии донишмандон аз ҳамагирии оянда дар Сайёра
Пандемия чист?
Вируси короно: Эҳтимоли марг чӣ қадар аст?

 

Маро дар:

низ пайгирӣ кунед!