Тобистони гарм ҳам фаро расид. Замони фароғату истироҳат, моҳҳои рухсатиҳои меҳнатӣ. Ва дар шароити кунунӣ аксари мардум талош мекунанд истироҳати худро дар соҳили обҳо гузаронанд. Табиист, ки ҳадаф ба ҷуз истироҳат шиноварӣ низ мебошад. Вале ин фасли гарм ва ҳузур дар соҳили обҳо қоидаҳои худро дорад. На ҳама шиноваранд ва на ҳама аз ин гуна қоидаҳо бохабар. Мо ҳар сол шоҳиди марги одамони зиёде дар обҳо мешавем, ки аксари онҳо бар асари беэҳтиётӣ ва надонистани одитарин қоидаҳои шиноварӣ рух додаанд.
Оморҳо баёнгари онанд, ки соли 2019 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар обҳо ҳангоми оббозиву шиноварӣ 141 нафар ғарқ шуданд. Аз ин шумор 11 нафари онҳо бачаҳои то 4-сола буданд. 14 нафар бачаҳои аз 5 то 11-сола; 31 нафарашон аз 11 то 16-сола, 50 тани дигар синнашон аз 17 то 35 буд ва 35 нафари боқимонда афроде буданд, ки синнашон аз 35 сол боло буд.
Маврид ба зикр аст, ки бо талоши кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта 51 нафар аз касоне, ки дар ҳоли ғарқ шудан буданд, наҷот дода шуданд.
Бе назорат гузоштани кӯдакон дар соҳилҳо хеле хатарнок аст. Пас волидонро лозим меояд, ки ҳамеша ба фарзандони ноболиғи худ таваҷҷуҳ кунанд.
Барои дурӣ ҷустан аз ҳар гуна ҳодисаи нохӯш ва фоҷеа бояд як қатор қоидаҳои рафтор дар обро донист:
- аксари одамон на барои он ғарқ мешаванд, ки шиноварӣ наметавонанд, балки аз он ба фоҷеа мепечанд, ки аз соҳил дур мераванд ва ҳангоми бозгашт қувваташон намерасад. Дар ин ҳол онҳо ба воҳима дода мешаванд ва ҳисси боварӣ ба худ гум мешавад.
- танҳо баъди 1,5 - 2 соати ғизо хӯрдан, метавон оббозӣ кард;
- дар обҳои озод дар ҳарорати камтар аз 15 дараҷа гармии об оббозӣ тавсия дода намешавад, зеро дар ин гуна ҳолатҳо эҳтимоли ногаҳон аз ҳуш рафтан вуҷуд дорад ва табиист, ки одами аз ҳушрафтаро марг таҳдид мекунад;
- набояд дар ҷойҳое, ки ношиносанд ғаввосӣ кард, зеро ба қаъри он метавонад санг, кундаҳои гурмдор, арматурҳои сохтмонӣ бошанд;
- то назди заврақҳои муҳаррикдошта шино накунед, чунки ҳангоми наздик шудани заврақ, сатҳи об боло меравад ва баъди гузашта рафтани он, сатҳи об якбора паст шуда, метавонад боиси ғарқшавии шахс гардад;
- барои оббозӣ ҳатман ҷойеро интихоб кард, ки махсус муайян шудааст;
- аз соҳил дур наравед;
- дар ҷойҳое, ки обсабзаҳо мерӯянд, набояд шино кард, чунки хатари ба онҳо печидан ва дар гирдоб ғарқ шудан пайдо мегардад;
-набояд баъди дар офтоб гарм шудан ва ё сардии об ба он ворид шуд;
- дар ҳоли мастӣ оббозӣ кардан қаъиян манъ аст;
- набояд бо бистарҳои дамдодашуда, камераҳои мошинҳо, бозичаҳои резинии дамкардашуда оббозӣ кард. Онҳо метавонанд дар об даранд ва инсон ногаҳон зери об монад ва дар ин ҳол хатари фоҷеа зиёд аст;
- агар шумо оббозӣ карда наметавонед ва нохост вориди об шудед, дар об рӯболо бихобед, дастонатонро ба ду тараф кушоед, метавонед чуқур-чуқур ва тез-тез нафас кашед;
- набояд касеро ба об тела дод, бахусус агар вай аслан бехабар бошад, чун ин ҳолат ба касони ҳассос метавонад марговар бошад;
-дар об ҳангоми оббозӣ набояд саргарми ҳар гуна бозиҳо шуд. Агар шумо басуръат ба шарикатон наздик мешавед ва ӯро аз пояш мекашед, дар ин ҳолат шарики шумо метавонад ба қаъри об фурӯ равад ва нафасгир шавад;
- набояд ҳар гуна садоҳои изтиробангез сар дод;
- агар ҳарорати бадани шумо паст аст ё баланд, набояд шиноварӣ кунед. Зеро ин оқибати басо ногувор дошта метавонад. Дар чунин ҳолат дар об будан хеле хатарнок аст;
агар хаста шудед, пас пуштнокӣ хобида, дар руи об истироҳат кунед, барои ин бозувон ва пойҳоятонро ҷафс накунед, ба сар дар об хобед ва истироҳат намоед;
- агар шумо хунук хӯрда бошед, дасту пойҳоятонро бо навбат ҷунбонида, гарм шавед ва чун замоне мегузарад, дубора ба самти соҳил ҳаракат кунед;
Ёдовар мешавем, дар ҳоли ба вуҷуд омдани ҳолати фавқулода ва ё ягон рӯйдоди нохӯш шаҳрвардон метвонанд ба телефонҳои зерин муроҷиат кунанд ва ба ёрӣ даъват намоянд:
112;
93 880 28 19;
221-91-19;
223-13-11.