Ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти сарварии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода гузашт, эълон кард, ки аз 15-уми июн ҳамаи муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ бо риояи ҳатмиву ҷиддии қоидаҳои беҳдоштӣ ва фосилаи иҷтимоӣ ба фаъолият хоҳанд пардохт.
Бино ба гузориши “Ховар” Ситоди ҷумҳуриявӣ қарор қабул намуд, ки тадбирҳои пешгирикунандаи сироят аз ҷониби аҳолӣ бо дарназардошти истифодаи ҳатмии ниқоб, маводи безараргардонӣ дар ҷойҳои корӣ ва ҷамъиятӣ, терминалҳои мусофиркашонӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, бозору мағозаҳо ва муассисаҳои табобатию профилактикӣ тақвият дода шавад.
Ҳамчунин Ситоди ҷумҳуриявӣ бо дарназардошти тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ вобаста ба сирояти коронавируси COVID-19 дар Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки аз 15 июни соли равон ташкилоту муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла марказҳои савдо, бозорҳо, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, ошхонаҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, тарабхонаҳо, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва ғайра бо таъмини безараргардонии мунтазами муассисаҳои мазкур, назорати риояи фосилаи иҷтимоӣ, қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемиявӣ ба фаъолият оғоз намоянд.
Таъкид карда шуд, ки бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон риояи қатъии гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва истифодаи ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ҳатмӣ буда, дар сурати риоя нагардидани ин талабот нисбати шахсони воқеӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва мансабдорон чораҳои қонунӣ андешида мешавад ва ҷаримабандӣ пешбинӣ мегардад.
Бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ ҳамчунин роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати пешгирии хавфи хуруҷи паҳншавии мавҷи дуюми сирояти COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас ва зарурӣ андешанд.