Садама дар ноҳияи Рӯдакӣ: як нафар ба ҳалокат расид
Чоп шуд: 07/01/2020 | redaktorТағйири ҳаво ва бориши барфи шадид ҳаракат дар роҳҳоро ба мушкил рӯ ба рӯ кард. Дирӯз як мошини боркаш дар роҳи ҳаракат аз Ёвон ба Душанбе дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ аз беэҳтиётии ронанда чаппа шуд ва мусофири 33-сола ба ҳалокат расид. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ронандагон ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД!