То замоне, ки сокинони бар асари селу ярч бехонаву даршуда соҳиби бинои нав дар мавзеъи нав нашаванд, ҳукумати кишвар ҷараёни сохтмонро пайгирӣ мекунад. Ин ба он маъност, ки ҳукумати мехоҳад ниёзмандон дар зудтарин фурсат соҳиби манзилҳои нав дар макони нав гарданд ва аз хаймаҳо вориди хонаи навсохту ободи худ шаванд.
Рӯзи 11-уми июн ҳам Раиси вилояти хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Хуросон сафар кард ва дар ҷамоати деҳоти ба номи С. Айни ба рафти сохтмони манзилҳои истиқоматии аҳолии зарардида дар мавзеъи ҷудогардида шинос шуд.
Қурбон Ҳакимзода бо аҳолии зарардида мулоқот кард, аз ҳолашон пурсид, барои рафъи камбудиҳо дастурҳои мушаххас дод. Сипас, бо ширкати раиси вилоят дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 ноҳияи Хуросон ҷаласа доир шуд, ки дар он роҳбарони ташкилоту идораҳо ва фаъолони ноҳия ширкат намуданд.
Дар ҷаласа муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник М. Салимзода суханронӣ кард ва аз ҷараёни корҳои ободонӣ дар минтақаҳои зарардида ва рафти бунёди хонаҳои нав гузориш дод.
Сомонаи Ҳукумати вилояти Хатлон дар бораи сафари раиси вилоят ба ноҳияи Хуросон ва диду боздидаш аз ҷараёни бунёди хонаҳои нав гузориш дода, аз қавли Қурбони Ҳакимзода навиштааст, ки то имрӯз сохтмони манзилҳои истиқоматӣ оғоз гардида, дар 11 қитъаи наздиҳавлигӣ таҳкурсии хонаҳо ба пуррагӣ рехта ва дар 55 қитъаи дигар корҳои бетонрезии таҳкурсиҳо муташаккилона ҷараён доранд. Натиҷаи корҳои анҷомдодашуда дар ситодҳои корӣ муҳокима ва ҳамарӯза ба корҳои сохтмонӣ то 300 нафар сафарбар карда шуда, хӯроки гарми коргарону аҳолии зарардида ба 500 нафар аз тарафи ташкилоту муассисаҳои вилоят ва ноҳия таъмин карда шуда истодаанд.
Ҳамчунин, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз ҳолати барқароркунии канал дар ноҳияи Хуросон дидан намуд. Дар натиҷаи омадани сели рӯзҳои 14-16 май шохаи рости канали калони деҳаи Гулистони ноҳияи Хуросон ба дарозии 140 метр вайрон шуда буд. Канали шохаи рост 93 км 200 метр дарозӣ дошта, аз он 2800 гектар заминҳои ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ, 10400 гектар заминҳои ноҳияи Хуросон обёрӣ мешаванд.
Гуфтанист, ки рӯзи 3 июни соли равон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо тарҳи “Барқарорсозии иншооти обгузари муваққатӣ дар шохаи рости ПК 659+00 Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон” шинос шуда буд. М. Собирзода, сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон иттилоъ додааст, ки корҳои барқарорсозии канали обрави ноҳияи Хуросон бо васлу насби қубурҳои калони обгузари қутраш 1820 милиметр то имрӯз ба анҷом расидаанд. Ва қарор аст дар наздиктарин фурсат он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.