Нигаронии мубаллиғони Раёсати КҲФ дар Суғд аз бепарвоии мардум нисбат ба КОВИД-19. Одамон қоидаҳои беҳдоштиро камтар риоя мекунанд
Чоп шуд: 07/08/2020 | admin
Бо мақсади пешгирӣ ва мубориза ба бемории сироятии коронавирус имрӯзҳо дар ҳамаи гӯшаву канори кишварамон чорабиниҳои таблиғотиву ташвиқотӣ вусъати тоза мегирад. Мақомоти иҷороияи ҳокимияти давлатии вилоят ва масъулони сохторҳои давлатӣ ба хотири коҳиш додани сатҳи беморӣ бевоситаи дар маҳаллаҳо бо сокинон мулоқотҳо доир менамоянд. Аммо воқеъияти ҳол нишон медиҳад, ки як андоза