Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар оламро субҳи имрӯз 51 миллиону 810 ҳазору 343 нафар эълон кард. Ин манбаъ аз сирояти боз 158 ҳазору 892 нафар ва марги 3 ҳазору 845 нафар хабар дод. Аз оғози пандемия аз коронавирус дар ҷаҳон 1 миллиону 279 ҳазору 546 нафар ҷони худро аз даст доданд ва 36 миллиону 395 ҳазору 204 нафар пурра муолиҷа шудаанд. Тибқи иттилои ҳамин манбаъ ҳоло дар олам 94 ҳазору 967 нафар дар ҳоли вазнин бо КОВИД-19 дастбагиребонанд.
Шумори мубталоён ба коронавирус дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 417 нафар расидааст ва то кунун аз ин беморӣ дар кишвар 84 нафар фавтидаанд. Сатҳи маргумир бар асари COVID-19 дар Тоҷикистон 0,74% будааст.
ИМА бо 10 миллиону 559 ҳазору 184 мубтало ба коронавирус ва 245 ҳазору 799 фавтида дар ҷадвали кишварҳои пурсироят дар ҷойи аввал аст.
Ҳинд 8 миллиону 636 ҳазору 011 мубтало дорад ва аз ин беморӣ дар ин кишвар то кунун 127 ҳазору 615 нафар ҷон бохтаанд.
Сеюмин кишвар дар шумори зиёди мубталоён Бразилия аст, ки 5 миллиону 701 ҳазору 283 сироятшуда дорад ва фавтидагон аз ин беморӣ дар ин кишвар 162 ҳазору 842 нафар эълон шудааст.
Фаронса дар сироят ба коронавирус аз Русия пеш гузашт. Ҳоло дар ин кишвар 1 миллиону 829 ҳазору 659 мубтало ба КОВИД-19 сабт шуда ва 42 ҳазору 207 нафар ҷон додаанд.
Русия тибқи охирин оморе, ки субҳи имрӯз расонаӣ шуд, 1 миллиону 817 ҳазору 109 нафар сироятшуда дорад ва аз COVID-19 то кунун 31 ҳазору 161 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Дар шабонарӯзи гузашта дар Русия аз коронавирус 368 нафар ҷон дода ва 20 977 сироятшудаи нав ба қайд гирифта шудааст.
Ҳукуматдорони Бразилия санҷиши клиникии воксани чинии Coronavac-ро боздоштанд. Сабаб: таъсироти манфӣ дар ихтиёриён.
Чин тасмим гирифт кулли маводи яхкардаро, ки аз бандарҳои ин кишвар ворид мешавад, бо истифода аз маводҳои зиддиуфунӣ тамиз кунад. Сабаби ин ошкор шудани мубталоён ба коронавирус дар миёни он кормандони бандарҳост, ки бо ғизои воридодӣ сарукор доранд.
Мақомоти Дания эътироф карданд, ки онҳо пас аз муайян кардани навъи мутатсияи коронавирус дар вашақҳо асоси қонунии маҳви онҳоро надоштанд.
Аз 3 ноябри соли равон ҳодисаҳои марг бар асари коронавирус дар Шветсия 35 нафар афзуд. Бино ба омори расмӣ дар ин кишвар аз оғози пандемия аз КОВИД-19 6 057 нафар фавтидаанд ва шумори сироятшудагон ба 162 240 нафар расидааст.
Қазоқистон аз ошкор шудани боз 564 сироятшудаи нав хабар дод.
Дар Қирғизистон бошад, дар шабонарӯзи гузашта 570 нафар ба коронавирус мубтало шуданд. Қисмати бештари сироятёфтагон дар шаҳри Ош – 114 ва вилояти Боткант – 82 мебошад.
10 ноябри соли равон Ӯзбекистн аз сирояти 68 788 нафар хабар дод. Тибқи иттилои расмӣ то кунун аз ин беморӣ дар Ӯзбекистон 65 791 нафар муолиҷа шудаанд ва 585 нафар фавтидаанд.