COVID-19: Мубталоён дар олам 18 миллиону 705 ҳазор. Дар Тоҷикистон 7583 нафар. Вазири тандурустӣ мегӯяд чораҳои беҳдоштӣ тақвият мешаванд
Чоп шуд: 05/08/2020 | admin
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 45 ҳодисаи нави бемории COVID-19 ошкор шуда, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 7583 нафар расидааст. Манбаъ боз гуфтааст, ки то 4 августи соли равон дар мамлакат 6356 (83,8%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 61 нафар фавтидаанд.