Як рӯзӣ донорӣ. Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар Суғд ба ниёзмандон хун доданд

Дар доираи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи татбиқи Тартиби ташкили донории хун ва ҷузъҳои он ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда – садамаҳо, офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд” ва “Барномаи миллии рушди донори хун ва ҷузъҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати...

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ: То имрӯз дар ҷумҳурӣ 1836 нафар дар карантин қарор доранд

Аз 1 феврал то 13 апрел  7 ҳазору 7560 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, дар муассисаҳои тандурустӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд. Аз шумораи  зикршуда то 13 апрел 5 ҳазору 724 нафар  ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуда, айни ҳол 1836 нафари онҳо  зери назорати  карантинӣ  қарор доранд. Ҳамзамон аз оғоз то...

Коллегияи КҲФ натиҷаҳои семоҳаи аввали солро ҷамъбаст намуд

Зикр гардид, ки дар қаламрави кишвар дар ин се моҳ 114 ҳодисаи фавқулода ба қайд гирифта шуд, ки 6 ҳодиса ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар зарари моддӣ расонданд ва бо оғози баҳор ҳодисаҳои омадани сел, лағзиши тарма ва резиши санг низ дида шуд. Аз ҷумла, дар ин нишаст ҳисоботи роҳбарони раёсатҳои вилоятиву шаҳрӣ ва дигар раёсатҳои Кумита дар бораи корҳои анҷомдодаи онҳо ва камбудиҳои содиршуда дар ҷараёни кор...

Идомаи зинакунии роҳи кӯҳӣ дар Шуғнон

Бо мақсади таъмини бехатарии аҳолӣ ва таҳкими минтақаҳои ноустувор дар нишебиҳои кӯҳҳои наздик ба рустои Пашори ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ корҳои зинасозии 1278 метр роҳ оғоз шудаанд.

Боду ҳавои чанд рӯзи оянда. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати сокинон ва меҳмонони кишвар меравонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то охири ҳафтаи ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ мемонад: боронҳои пуршиддат, раъду барқ, жола (дар навоҳии кӯҳии бештар аз 2000 метр барфи тар). Бахусус раъду барқ дар роҳҳо хатар доранд.

Страницы