Covid-19: Шумори сироятёфтагон дар олам ба 51 миллион наздик мешавад. Сеюмин рӯз аст, ки дар Русия дар як шабонарӯз беш аз 20 ҳазор мубталои навро сабт мекунанд

Субҳи имрӯз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори мубталоён ба коронавирус Covid-19-ро 50 миллиону 739 ҳазору 516 нафар эълон намуд. Ин манбаъ гуфт, ки дар шабонарӯзи сипаришуда боз 91 ҳазору 152 нафар дар саросари олам чун мубталои нав ба қайд гирифта шуданд. Аз КОВИД-19 дар саросари дунё 1 миллиону 262 ҳазору 147 нафар фавтидаанд. Аз ин беморӣ то кунун 35 миллиону 796 ҳазору 183 нафар пурра муолиҷа шудаанд.  

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шумори мубталоён ба КОВИД-19 дар кишварро шоми дирӯз 11336  нафар ва фавтидагонро 83 нафар эълон кард. То кунун 10653 (94,0%) нафар пурра муолиҷа шуданд. Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 42 нафар чун сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуданд.  

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҳиндустон ва Бразилия се кишваре мебошанд, ки аз ҳама бештар мубталоён ба КОВИД-19 доранд.

Дар Қирғизистон дар шабонарӯзи гузашта 515 сироятшудаи нав ба коронавирусро ба қайд гирифтанд. Вазорати тандурустии Қирғизистон марҳилаи аввали таҳқиқи аҳолӣ ба коронавирусро, ки аз моҳи июл то октябри соли раовн бо дастгирии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ роҳандозӣ шуда буд, ба охир расонд. Ҳадафи ин таҳқиқот омӯзиши масунияти аҳолӣ ба COVID-19 вобаста ба ҷинс, синну сол ва ҷои истиқомат бо таҳияи минбаъдаи чораҳои вокуниш дар мубориза бо паҳншавии коронавирус мебошад.

Дар як шабонарӯз дар Британияи Кабир шумори сироятшудагон ба коронавируси нав 20 572 нафар афзудааст ва 156 нафар аз COVID-19 ҷон бохтааанд.

Дар Белорусия то 8 ноябри соли 2020 106 279 нафар чун мубтало ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин беморӣ то кунун 1007 нафар фавтидаанд. Ин кишвар эълон кард, ки то кунун 2 689 137 тест ба коронавирус гузаронида шудааст.  

Дар Русия сеюмин рӯз аст, ки аз 20 ҳазор бештар мубталои нав ба коронавирус сабт мешавад. Шумори гирифторон ба ин вирус ба 1миллиону 774 ҳазору 334 нафар расида, аз ин беморӣ то ба имрӯз 30 537 нафар ҷон додаанд. Шабонарӯзи гузашта мақомоти тандурустии Русия аз марги 286 нафар аз COVID-19 хабар доданд.

Қазоқистон эълон кард, ки шабонарӯзи гузашта 610 сироятшудаи навро ба қайд гирифтааст ва шумори умумии мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар ба 116772 нафар расидааст ва 1857 ҷон додаанд.

 

ИН МАТОЛИБРО ҲАМ МЕТАВОН ДАР БОРАИ КОВИД-19 ХОНД: