Анҷоми як давраи омӯзишии дурӯза

Дар асоси Нақшаи дохили идоравии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020, инчунин дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии КҲФ давраи омӯзишии дурӯза баргузор шуд.

Дар курси омӯзишӣ 16 нафар намояндагони масъули мудофиаи гражданӣ, ки дар ҳудуди ҷамоатҳо ва деҳаҳои тобеи ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ширкат варзиданд.

Ин давраи омӯзишӣ дарбаргирандаи лексияҳо буд, ки онро бо ёрии рӯнамоиҳо ва нишон додани маводҳои видеоӣ кормандони марказ гузарониданд. 

Ҳадафи асосии курсҳо ин баланд бардоштани малака ва донишҳо дар самти мудофиаи гражданӣ, шиносоӣ бо усулҳои навтарин дар рафъи ҳолатҳои фавқулодда, омӯзиши санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии қабулшуда дар ин самт ва дарёфти посух ба суолҳо дар ҷараёни дарсҳо буд. 

Пас аз хатми давраи омӯзишӣ ба иштирокчиён шаҳодатно маҳо супорида шуданд.

барчасп: