Чопи китобчаҳо ва дастурҳо дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Дар доираи татбиқи "Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030" ва расонидани кӯмаки методӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, инчунин шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳои меъёрии идораи наҷот, мутахассисони КҲФ як силсила дастурҳои методиро таҳия ва интишор доданд.

Кормандони Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои кормандони ҷавон ва шунавандагони давраҳои омӯзишии мудофиаи гражданӣ китобчаҳои методӣ ва дастурҳо таҳия ва нашр карданд.

Ин китобчаҳо ва дастурҳо барои беҳтар азхуд кардани система ва шиносоии бештар бо сиёсати Ҳукумати кишвар дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ мусоидат хоҳад кард.

барчасп: