Садамаи рӯзи гузашта дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд. Шарҳи расмӣ

Садамаи рӯзи гузашта дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд бо айби ронандаи мошини Дулан SAKMAH рух додааст. Ин ронанда аз уҳдаи идораи мошинаш набаромада ба мошини дигар бархӯрдааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ аз ронандагон хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ бо ҷиддият қоидаҳои бехатариро риоя кунанд ва ҷони худу ҷони дигаронро дар хатар нагузоранд.

Обу ҳавои рӯзи чоршанбе, 11-уми март: Эҳтимоли лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳӣ

Агентии ҳавошиносии кишвар барои рӯзҳои 10-12-уми марти соли равон дар навоҳии тобеъи м арказ эҳтимоли лағзиши тармаро пешбинӣ кардааст. Дар огоҳиномае, ки сомонаи ин ниҳод интишор додааст, аз ҷумла омадааст, ки дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеъи марказ, нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳҳои Ҳисор ва шоҳроҳҳои Душанбе–Хуҷанд, Нуробод-Тавилдара лағзиши тарма аз эҳтимол дур нест.

Тоҷикистон нақшаи вокуниш ба ҳолати фавқулодда дар робита ба коронавируси навъи covid-19-ро таҳия мекунад

Имрӯз, 10 марти соли равон дар меҳмонхонаи Ҳайат Реҷенсии шаҳри  Душанбе бо ташаббуси намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти нақшаи корӣ вобаста ба таҳияи нақшаи вокуниш ба ҳолати фавуқулодда дар робита ба коронавируси навъи COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид,

ФАВРӢ: Садама дар роҳи Душанбе – Чаноқ муҷиби муваққатан баста шудани роҳ шуд

Ширкати байналмилалии IRS дар саҳифаи худ дар Фейсбук аз садамае хабар дод, ки чанд лазҳа пеш дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ рух додааст. Бино ба гузориши манбаъ садамаи мошин дар километри 59-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд рух додаву бо вуҷуди он ки сабабгори муваққатан баста шудани роҳ шуд, вале хушбахтона қурбонӣ надошт.
Дар хабар мехонем:Чанд дақиқа пеш дар километри 59 - уми

Таҳдиди ҷаҳонии короно. Италия дар карантини комил. Эҳтимоли эълони пандемия афзудааст

Хабарҳо аз сирояти густардаи вируси короно дар Аврупо нигаронкунанда аст. Италия чун кишваре, ки мизони болои сироятшудагону фавтидагон бар асари ин вирусро дорад, ахиран аз карантини густарда хабар дод. Дар ин кишвар хуруҷу вуруди безарурат манъ аст. Аввал шимоли кишвар дар карантин эълон шуд, вале мақомот дигар натавонистанд аз хуруҷи ҳазорон нафар аз минтақае, ки ба гуфти онҳо офатзада аст,

Страницы