Садамаи рӯзи гузашта дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд. Шарҳи расмӣ

Садамаи рӯзи гузашта дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд бо айби ронандаи мошини Дулан SAKMAH рух додааст. Ин ронанда аз уҳдаи идораи мошинаш набаромада ба мошини дигар бархӯрдааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ аз ронандагон хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ бо ҷиддият қоидаҳои бехатариро риоя кунанд ва ҷони худу ҷони дигаронро дар хатар нагузоранд.

Тибқи маълумоти сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Варзоб тахминан соати 14:25 дақиқаи рӯзи 10-уми марти соли 2020  дар километри 59-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд садамаи нақлиётӣ рух дод. Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Варзоб ва гурӯҳи наҷотдиҳандагони Раёсати кофтуков ва наҷоти Кумита (дидбонгоҳи Майхура) ба ҷои ҳодиса сафарбар гардиданд.

Дар натиҷа маълум гардид, ки автомашинаи Дулан SAKMAH рақами давлатиаш 79-83 КК 02, ки ба шаҳрванд Наврӯзов Норбой Идиевич, соли таваллудаш 29.10.1970, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд тааллуқ дошт, ҳангоми ҳаракат ба самти шаҳри Хуҷанд, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, муқобили самти ҳаракати роҳ мебарояд ва ба садама дучор мегардад. 
Дар натиҷаи садамаи рухдода ронанда Наврӯзов Норбой ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхонаи Қарияи боло интиқол дода шуд.  
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ хеле бодиққату эҳтиёткор бошад. Ҳатман фосилаи байни мошинҳоро риоя кунанд. Риояи қодидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва бехатарӣ гарави аслии саломатии шумост. 
Шитобкорӣ ҳамеша бар зарар аст. Як мисол садама дирӯз аст, ки агар ронада қоидаи ҳаракатро риоя мекард, мошини вай наметавонист аз роҳ бероҳа шавад ва ба мошини дигар бархӯрад.

барчасп: