COVID-19: шумори мубталоён аз марзи 2 миллион гузашт. Амрико кумак ба будҷаи Созмони ҷаҳонии тандурустиро боздошт

ИМА кумак ба буҷаи созмони ҷаҳонии тандурстиро боздошт. Президенти ИМА Доналд Тромп гуфт, ки ин созмон аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои худ набаромад. Соли 2019 ҳиссаи ИМА ба буҷаи СҶТ каме камтар аз 15% сармоягузории умумии он буд.  Тромп дар як суханронии худ дар Кохи Сафед гуфт: Созмони ҷаҳонии тандурустӣ  дар анҷоми вазифаҳояш дар иртибот  бо эпидемияи ҷаҳонии короно ноком мондааст. Сарвари Кохи Сафед...

Ҳалокати як ҷавони 17-сола, ки мехост кабутар шикор кунад

Ду хабари муҳими имрӯз. Ҷавони 17-сола дар ноҳияи Восеъ, ки дар саҳро чорво мечаронд, дунболи кабутароне шуд, ки аз теппа поин мешуданд. Ва дар ин шикори нобарор дар лойқаи азим дармондаву ҳалок шуд. Дар шаҳри Душанбе кормандони бахши наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дарахти азимеро, ки аз шамоли сахт қариб буд болои хонаи истиқоматӣ чаппа шавад ва зарар расонад, буриданд ва сокинонро аз...

Эълони телефонҳо ва иртиботи интернетӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия қарор доранд

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандоне, ки  дар хориҷи мамлакат фаъолият менамоянд, мерасонад, ки вобаста ба вазъи бемории сироятии COVID-19 ва бо мақсади расонидани кумак ва машваратҳои фаврӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷа дар назди вазорат алоқаи доимӣ тавассути телефон ва алоқаи интернетиро  бо рақамҳои 235-03-85, 236-68-88 ва

Пешгирӣ аз худкушии як хонуми 53-сола

Боз хонуме аз чанги марг наҷот дода шуд. Боз хонадонеро нагузоштанд, ки дар мотам нишинад. Боз як нафаре, ки мехост ба ҳаёти худ поён диҳад, аз чанголи марг раҳо ёфт. Инсонҳо баъзан аз ҳодисае дилгир мешаванд ва роҳеро интихоб мекунанд, ки гумон доранд, беҳтарин роҳ аст. Вале ҳолати стрес гузаранда аст. Ҳоло ин бону ҳам, ки ба ҳуш омадааст, алабатта дар ин бора меандешад. Вале агар наҷотдиҳандагон сари

Суҳбатҳои муфид дар бораи короновирус дар қисмҳои ҳарбӣ

Дар ду қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ кормандони Кумита миёни сарбозону афсарон корҳои таблиғотии зидди вируси КОВИД-19 ба роҳ монданд.

Дар ин дидору мулоқотҳо ба сарбозон дар бораи вируси наве, ки бо номи КОВИД-19 ҷони оламиёнро дар хатар гузоштааст,

Страницы