Ду хабари муҳими имрӯз. Ҷавони 17-сола дар ноҳияи Восеъ, ки дар саҳро чорво мечаронд, дунболи кабутароне шуд, ки аз теппа поин мешуданд. Ва дар ин шикори нобарор дар лойқаи азим дармондаву ҳалок шуд. Дар шаҳри Душанбе кормандони бахши наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дарахти азимеро, ки аз шамоли сахт қариб буд болои хонаи истиқоматӣ чаппа шавад ва зарар расонад, буриданд ва сокинонро аз хатари эҳтимолӣ наҷот доданд.
Сокини 17-солаи деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ субҳ чорвои хонаро ба саҳро бурд ва муддате гузашту аз ӯ дарак нашуд. Баъд аз зуҳр хабари нопадид шудани ҷавон дар деҳа паҳн гардид. Баъдан маълум гардид, ки ӯ ҳангоми чаронидани чорво бо мақсади доштани кабутарҳо ба болои теппа баромада, аз беэҳтиётӣ ба ҷарие, ки як селроҳаи пурхатар буд, меафтад ва зери обу лойқа монда, ба ҳалокат мерасад
Рӯзи 14-уми апрел ин хабар ба Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расид ва 6 нафар аз гурӯҳи ихтиёриёни наҷоти деҳаи Меҳробод ҳамроҳ бо афсарони Шуъбаи КҲФ ба ҷустуҷӯи ҷавон рафтанд. Дар ин кор ҳамчунин бештар аз 100 нафар сокинони деҳа низ ба онҳо пайвастанд.
Дар натиҷаи кофтуков баъд аз зуҳр ҷасади ҷавонро аз миёни обу лойқа берун оварданд ва ба наздиконаш супурданд.
Соати 11:04 дақиқаи рӯзи гузашта, 14-уми апрел, шаҳрванд Хоҷаев Рустам-истиқоматкунандаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Шоҳтемур 48 ба қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар маҳалли зисти ӯ дарахти калони сояафкан дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, таҳдиди афтодан ба бинои истиқоматиро дорад.
Дастаи наҷот иборат аз 5 нафар соати 11:06 дақиқа ба маҳалли ҳодиса сафарбар шуданд ва бо истифода аз таҷҳизоти махсус ин дарахтро буриданд ва сокинонро аз хатар наҷот доданд.
Хуб аст, ки сокинони кишвар дар аксар маврид бо наҷотдиҳандагон ҳамкорӣ мекунанд ва аз ҳолатҳои зиёди фавқулода фавран хабар медиҳанд. Агар ин хабари фаврӣ намебуд, шояд ин дарахт билохира болои хонаи истиқоматӣ чаппа мешуд ва ба сокинон зарар меовард ва ё сабабгори ягон ҳодисаи фоҷеавӣ мешуд.
Аммо сокинон на ҳамеша ба тавсияҳои Кумита диққат медиҳанд. Мо ҳар рӯз огоҳ мекунем, ки дар чунин рӯзҳои пурбориш рафтан ба саҳро ҷиҳати анҷоми корҳои саҳро, молчаронӣ, шикор, моҳидорӣ ва ғайра худдорӣ намоянд.
Аз теппа сарозер шудани ҷавони 17-сола ҳодисаи мудҳишест, ки доғи ҷавонмаргии ӯ умре дар қалби волидонаш мемонад. Аз ин рӯ, боз аз аҳолии кишвар хоҳиш мекунем, қоидаҳои бехатарии шахсиро риоя намоянд ва ба хотири шикори парандаеву ҳайвоне ё моҳие ҷони худро дар хатар наандозанд.