Боз хонуме аз чанги марг наҷот дода шуд. Боз хонадонеро нагузоштанд, ки дар мотам нишинад. Боз як нафаре, ки мехост ба ҳаёти худ поён диҳад, аз чанголи марг раҳо ёфт. Инсонҳо баъзан аз ҳодисае дилгир мешаванд ва роҳеро интихоб мекунанд, ки гумон доранд, беҳтарин роҳ аст. Вале ҳолати стрес гузаранда аст. Ҳоло ин бону ҳам, ки ба ҳуш омадааст, алабатта дар ин бора меандешад. Вале агар наҷотдиҳандагон сари вақт намерасиданд, чӣ мешуд?
Дирӯз кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз худкушии як хонуми 53-сола пешгирӣ карданд. Ин хабар ба Раёсат баъд аз зуҳр, соати 13:49 дақиқа расид ва гурӯҳи наҷот фавран худро ба ҷойи ҳодиса расонд.
Ин шаҳрванд аз шаҳраки Бӯстон ба қасди худкушӣ ба Хуҷанд омадааст ва худро аз болои пул ба дарёи Сир андохтааст.
Наҷотдиҳандагон фаврӣ худро ба об заданд ва бонуеро, ки мавҷи пурхӯрӯши Сир қариб буд ба комаш кашад, чолокона ба соҳил оварданд.
Аввалин ёрии тиббӣ расонданд, ӯро ба ҳуш оварданд ва сипас ба беморист он маркази вилоят интиқол доданд.
Бино хабаре, ки субҳи имрӯз расид, вазъи саломатии ӯ хуб буда, ба ҷонаш хатаре таҳдид намекунад.
Ин хонум то ба ҳол сабаби қасди ҷони худ карданашро шарҳ надодааст.