Сел ва боди шадид дар Восеъ

28 майи соли 2024 наздик ба соати 13:30 дақиқа дар ҳудуди деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ ба асари боронҳои шадид сел омад. Дар натиҷа 15 қитъаи наздиҳавлигии сокинон зери об монд.

Шамоли сахт дар деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти Гулистон ба сокинон зарар расонд. Аз ҷумла аз боми 5 хонаи истиқматӣ 62 шиферро боди шадид ба зер афканд, ҳамчунин симчӯби

Ҳалокати як шаҳрванди Қазоқистон дар Явроз, ки бо параплан парвоз мекард

27 майи соли 2024 соати 11:00 дар кӯҳҳои атрофи деҳаи Яврози ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат ҳангоми парвоз бо параплан бо сабабҳои номаълум як шаҳрванди Ҷумҳурии Қазоқистон бо номи Рафаэл Носиров ба ҳалокат расид. Рафаэл Носиров бино ба гузориши расида 56 сол доштааст.

Барои роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот дастаи

Ҳушдори КҲФ аз омадани селҳо дар ду рӯзи оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки рӯзҳои 29-30 майи соли 2024 дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии Тоҷикистон, ба истиснои шарқи ВМКБ омадани селҳо пешбинӣ мешавад.
Рӯзи 29 май эҳтимоли болоравии сатҳи об дар дарёҳои

Беш аз ду ҳазор ҷонбохтагони ярч дар Папуа-Гвинеяи Нав

Ярче, ки мақомоти давлатии Папуа Гвинеяи Нав мегӯянд то кунун беш аз 2 ҳазор нафарро куштааст, ҳамоно дар ҳоли ҳаракат аст. Ҳокимони вилояти баландкӯҳи Энга ба сокинони маҳаллӣ дастур додаанд, ки ҳарчи зудтар манзилҳои истиқоматии худро тарк кунанд.

Намояндагони созмонҳои имдодарсон гуфтаанд, ки шонси зинда будани зери ярчмондагон чандон зиёд нест.

Ҳалокати як духтари 11-сола дар Нуробод. Идомаи корҳои рафъи паёмадҳои офати табиӣ дар кишвар

Корҳои рафъи паёмадҳои селҳо дар гӯшаву канори кишвар идома доранд. Шабонарӯзи гузашта ҳамчунин як фоҷеа, ғарқи об шудани духтари 11-сола низ сабт шуд.

27 майи соли 2024 тахминан соати  7:30 субҳ як духтари 11-сола аз деҳаи Сиёгулаки ҷамоати деҳоти Ҳакимии ноҳияи Нуробод ҳангоми убур аз дарёи Таги Камал дар об ғарқ шудааст.

Страницы