Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо
Чоп шуд: 26/03/2025 | redaktor
(Дар ҳошияи эълон гардидани “Соли 2025 - соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо”, ки санаи 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад) Яке аз мушкилоте, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асри XXI бо он рӯ ба рӯ гардидааст, тағйирёбии иқлими Сайёра ва обшавии захираи пиряхҳо дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ин тағйирёбии иқлим, ки бо баланд шудани ҳарорат ба гузариши раванди биёбоншавӣ, камшавии захираҳои об, обшавии пиряхҳо дар минтақаҳои алоҳидаи Сайёра (аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон), зиёдшавии миқдори ҳолатҳои фавқулода оварда расонидааст. Дар навбати худ ин ҳодисаҳо ба коҳишёбии захираҳои табиӣ ва сабаби мушкилоти зиёде дар фаъолияти меҳнатӣ ва иҷтимоии инсон шуда истодааст. Норасоии об, маҳсулоти ғизоӣ, фақр, муҳоҷирати экологӣ, мисоли ин ҳодисаҳо мебошанд.





