Ширкати сарбозони КҲФ дар фестивали ҷумҳуриявии “Таронаҳои сарбозӣ”
Чоп шуд: 18/02/2022 | redaktor
17 феврали соли 2022 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба муносибати 29-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фестивали ҷумҳуриявии “Таронаҳои сарбозӣ” баргузор гардид.
Дар ин фестивал сарбозон ва афсарони сохторҳои қудратии кишвар бо таронаҳо дар васфи Ватан ва муҳофизони он ширкат намуданд.