Аз рӯи адолат насли имрӯзаро месазад насли басо хушбахту хуштолеъ номид, зеро дар кишвари ҳуқуқбунёду демократӣ, дар фазои сулҳу субот ба дунё омада, таҳсилу фаъолият мекунанд. Вале донистан муҳим аст, ки барои ба ин рӯзҳои неку сулҳу субот расидан насли нисбатан калонсол, падару бобоёни ин насл чӣ қадар заҳмат кашиданд ва чӣ мушкилотҳоеро паси сар намуданд.
Муаллифи ин ҷашни даврони истиқлол, меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2021дар баробари таҳлили воқеъбинонаи дастовардҳо ва бурду бохтҳои даврони Истиқлол дар ибтидои суханрониашон маҳз ҳамин нуктаро чунин таъкид намуданд: “...хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашуданд. Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлоият - сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд ”.
Ин суханон ҳақиқати бебаҳсанд ва насли кунуниву ояндасоз бояд ба қадри ин неъмати беҳамтои ҷомеаи инсонӣ расад. Шайх Саъдии Шерозӣ, ки умри тӯлонӣ ва таҷрибаи басо ғании зиндагӣ дошт, дар ин маврид фармудаанд:
Агар шабҳои пурдаҳшат намебуд,
Намедонист Саъдӣ қадри имрӯз.
Ман итминони комил дорам, ки насли имрӯз, ки посдорандагони суннату анъанаҳои бузурги падару бобоён ва меросхӯрони фарҳанги миллати антиқии тоҷик мебошанд, ба ин арзишҳо арҷ мегузоранд ва сулҳу суботу ваҳдати миллии кишварашонро бо ифодаи Пешвои муаззам “чун гавҳараки чашм ҳифз менамоянд” ва тамоми донишу неруи ҷавониашонро барои таҳкими онҳо ва рушди босуръати минбаъдаи кишвари маҳбубамон –Тоҷикистони соҳибстиқлол равона месозанд.
Ҳикмати бузург ва ҷаҳони маънӣ дар ҳар як байти “Маснавии маънавӣ”-и Мавлавӣ Ҷалолиддини Балхӣ нуҳуфтааст ва эшон фармудаанд:
Ту барои васл кардан омадӣ,
Ё барои фасл кардан омадӣ?
Пас, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аз сиришти пайдоиши инсон бармеояд ва ғояи ваҳдати миллӣ дар таърихи фарҳанги халқи тоҷик собиқаи хеле қавию қадимӣ дорад ва он аз адабиёти гуфтории мо шурӯъ гардида, минбаъд дар Авасто ва дигар осори тамоми мардуми ориёнажод ва асарҳои фалсафию бадеии мутаффакирону адибони минбаъда то ба имрӯз бо тарзу усулҳои хеле марғубу дилнишин тарғибу ташвиқ гардида, ба он арҷ гузошта шудааст.
Ё Мирзо Абдулқодири Бедил дар мавриди ғояи ягонагиву ҳамдилӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ фармуда:
Ғарқи ваҳдат бош, агар осуда хоҳӣ зистан,
Моҳиёнро ҳар чӣ бошад ғайри дарё, оташ аст.
Дар даврони истиқлол ҳам маҳз ғояи ваҳдати миллӣ, иттифоқу иттиҳод ва ҳамдигарфаҳмиву хештаншиносии миллӣ, ки мероси бузургниёгони мо буда, орзую омол ва ормони деринаи миллати куҳанбунёди тоҷик ва кулли ҷомеаи равшанзамири башарӣ мебошад, кишварро аз парокандагӣ наҷот дод ва миллати тоҷикро, ки баъди ҳазорсолаҳо боз соҳибдавлат гардид, таҳти роҳбарии хирадмандонаи сарвари хирадманду дурандеш мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шоҳроҳи васеи тамаддуну илму маърифат ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ раҳнамун гардонд.
Насли нисбатан калонсол хуб дар хотир доранд, ки нахустин иқдоми сиёсии Давлати навини Тоҷикистон, ки бо ибтикори Пешвои муаззам ба амал оварда шуд, маҳз ба кишвар баргардонидани сулҳи пойдор ва таҳкими ваҳдати миллӣ нигаронида шуда буд, зеро дастёбӣ ба ваҳдати миллӣ ва сулҳи устувор муҳимтарин омили рушди иқтисодӣ, таъмини адолату баробарӣ ва беҳбудии рӯзгори мардуму кафолати якпорчагии кишвар мебошад.
Имрӯз мо таҳаввулотҳои назарраси даврони Истиқлоли давлатӣ дар кишвар, ки на танҳо вазъи иқтисодиву иҷтимоиро дигаргун сохт, балки дунёии маънавии сокинони кишварро низ куллан тағйир дод, мушоҳида карда, бори дигар ба сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззам эътимоди комил пайдо менамоем. Ва яке аз воқеаҳои муҳимтарине, ки ба тағйиротҳои куллии ҳаёту рӯзгори мардум ва пешрафти кишвар боис гардид, аз нигоҳи таърихшиносону сиёсатмадорон бо ибтикори Пешвои муаззам баргузор гардидани гуфтушуниди тоҷикон ва тавассути имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ба ватан баргардонидани сулҳи устувор ва ваҳдати комил дар фарҷоми қарни сипаригардида мебошад. Воқеан, чӣ қадаре мо аз ин воқеаи таърихӣ дур равем ва мушкилоти ҷомеаи ҷаҳониву нуқтаҳои доғи сайёраро мушоҳида намоем, аҳаммияту манфиати онҳо барои пешрафти кишвари маҳбубамон ва беҳбудии некуаҳволии мардуми боз ҳам мунаввартар мегардад. Маҳз аз ҳамин нуктаи назар, имзои Созишномаи умумӣ дар хусуси барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва тавлиди ҷашни комилан нави мардумӣ- ҷашни Ваҳдати миллӣ яке аз чунин падидаҳои фараҳбахштарини даврони истиқлоли давлатии кишвари маҳбубамон мебошанд, ки чуноне дар боло ишора намудем, дар замири мардуми фарҳангии мо чун ғояи ваҳдати миллӣ решаҳои хеле қадимӣ дорад ва миллату кишварро дар ҳама давру замонҳо аз нестшавӣ наҷот медод.
Аз ин рӯ, меъмор ва кафили воқеии сулҳу ваҳдат дар кишвар, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти бузурги ин ҳуҷҷати тақдирсози миллатро таъкид намуда, дар яке аз табрикотҳояшон ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ қайд намуданд: “Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, яъне 27-уми июни соли 1997 барои мо, воқеан, оғози ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоиштаи халқамон мебошад. Созишномаи умумӣ санади наҷоти миллат, кишвар ва давлати мо буда, натиҷаи музокироти байни тоҷикон - мулоқоту машваратҳои роҳбарони давлат ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин, заҳмати ҳайатҳои музокиракунанда, кӯшиши кишварҳои нозир ва мусоидати созмонҳои байналмилалӣ мебошад.”
Аллакай аз шурӯи расмии музокироти тоҷикон 28 сол сипарӣ гардида, ба имзои Созишномаи истиқрори сулҳ баъди се рӯз 25 сол пур мешавад. Ҳанӯз дар ибтидои соли 1993 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тамоми масъулияти амнияти мардуму кишварро ба дӯш гирифта буд, изҳор намуд, ки барои аз гирдоби ҷанг наҷот додани кишвар омода аст бо ҳар гуна қувваи сиёсӣ ҳамкорӣ намояд. Аз ин рӯ, аз фарҷоми соли 1993 бо намояндагон ва роҳбарияти гуногунрутбаи Созмони Миллали Муттаҳид ҳамкориҳо шурӯъ гардида, доир ба вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва мушкилоти Тоҷикистон мунтазам масъалаҳо баррасӣ мегардиданд. Дар радифи ин ташкилоти бонуфуз, созмонҳои дигар, аз қабили Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Конфронси Исломӣ, ҳамсоякишварҳои дӯст - Русия, Эрон, Афғонистон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон омодагии хешро барои ҳалли қазияи баамаломада изҳор намуданд ва дар ҷараёни музокироти тоҷикон фаъолона иштирок намуда, дар кори ба кишвар баргардонидани сулҳ саҳми босазо гузоштанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба мақоми ваҳдати миллӣ дар тақдири миллати тоҷик сухан ронда, таъкид намуданд: “Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт. Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт.”
Бинобар ин, ваҳдати миллӣ ва ҷашни миллии муосир ҷашни “Ваҳдат”-ро, бешубҳа, метавон ҳамчун самараи заҳматҳои тамоми аҳли ҷомеа таҳти роҳбарии хирадмандонаи меъмори сулҳу ваҳдат, Пешвои муаззам, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод кард ва ҳар як фарди соҳибхиради миллат барои ин неъмати бебаҳоро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ намудан ва таҷлили сазовори ин ҷашни умумимиллӣ масъулу ифтихорманд мебошад.
Ҳамзамон Пешвои муаззам, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фалсафаи ваҳдати миллиро хеле хирадмандона тафсир додаанд, ки ҳақиқати бебаҳс аст:
“Ваҳдат барои мо як вожа ё калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст”.
Ин дастури Пешвои муаззам тамоми аҳли ҷомеа, бахусус омӯзгорон, сиёсатшиносон, таърихнигорон, шоирону нависандагон ва насли ояндасози миллатро муваззаф менамояд, ки барои таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва тарғиби фарҳанги миллӣ минбаъд ҳам тадбирҳои зарурӣ андешида, онро чун гавҳараки чашм муҳофизат намоем.
Ҷашни муқаддаси дарпешистодаи “Ваҳдат”-ро ба тамоми китобдорон, хурду бузурги кишвар шодбош мегӯям ва барои тамоми мардуми соҳибиқболи кишвар осмони софу беғубор, сулҳи устувор ва ваҳдати комилро таманно менамоям.
Мавзуна Орумбекова, сардори Шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони Китобхонаи миллии Тоҷикистон.