COVID-19 : Шумори олудашудагон ба коронавирус ба 172,5 миллион ва ҷонбохтагон ба 3,8 миллион наздик мешавад

Теъдоди умумии гирифторон ба коронавирус дар олам субҳи имрӯз  172 миллиону  430 ҳазору 557 нафар эълон шуд. Шабонарӯзи гузашта боз 229 ҳазору 059 нафар мубталоёни нав сабт шуданд. Дар як шабонарӯз 9 763 нафар фавтиданд ва теъдоди ҷонбохтагон аз аввали ҳамагирӣ ба 3 миллиону 706 ҳазору 682 нафар расид. 155 миллиону 294 ҳазору 393 нафар пурра муолиҷа шудаанд. Дар беморхонаҳои олам ҳоло 90 ҳазору 168 нафар...

Насби овезаҳо дар соҳили Баҳри тоҷик

Дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба риояи қоидаҳои оббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ дар мавсими оббозии соли 2021, инчунин баҳри пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавии шаҳрвандон дар обанбори «Баҳри тоҷик» ва обутобгоҳҳои шаҳри Гулистон аз тарафи бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон дар минтақаҳое, ки бештари сокинон ва меҳмонон ҷамъ мешаванд

Миёни ду ниҳоди мубориза бо офатҳои Тоҷикистон ва Покистон Созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд (ВИДЕО)

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Имрон Хон маросими имзои 12 санади нави ҳамкорӣ баргузор гардид.

Зери “Эъломияи муштарак дар бораи иқдомҳои баъдӣ ҷиҳати сохтани шарокати стратегӣ барои ҳамбастагии минтақавӣ...

Дари баста боз шуд. Тифли дусола аз танҳоӣ наҷот ёфт. Волидон чаро бепарвоянд?

Чанд соат пештар як сокини ноҳияи Сино ба Қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе занг зад ва хабар дода, ки аз беэҳтиётӣ калидро дар хона мондаву берун рафтааст ва чун омад натавонист вориди хона шавад. Вай ҳамчунин гуфт, ки духтарчаи дусолааш дар хона танҳост.

Роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар соҳили обҳо дар Суғд

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои риояи қоидаҳои оббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ дар мавсими оббозии соли 2021 ва баҳри пешгирӣ  аз ҳодисаҳои ғарқшавии шаҳрвандон дар обанбори “Баҳри тоҷик” аз тарафи кормандони бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукум ати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон ҳамроҳ бо кормандони Шӯъбаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Страницы