Ҷамъомадҳои таълимӣ-методӣ бо масъулини шуъбаҳои оперативӣ ва сафарбарии раёсатҳои Кумита

Рӯзҳои 29-30 июни соли 2022 ҷамъомади таълимӣ-методӣ бо масъулини шуъбаҳои оперативӣ ва сафарбарии раёсатҳои Кумита дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаи Кӯлоб, қисмҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои сохтории Кумита ташкил ва гузаронида шуд.

Ҷамъомади мазкурро муовинони Раиси Кумита полковник Исозода С. ва полковник Иброҳимзода И. ифтитоҳ намуда, вобаста ба супоршиҳое, ки аз ҷониби Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба омодагии сафарбарӣ ва омодабоши ҷангӣ ба сохторҳои қудратӣ пайваста дода мешаванд, маротибаи дигар ҳайати иштирокчиёнро хотиррасон намуда, ҳамзамон талаб намуданд, ки оид ба баланд бардоштани ҳолати омодагии сафарбарӣ ва омодабошии ҷангӣ дар ҷузъу томҳо ҳамаи ҳуҷҷатгузориҳоро ба талаботҳо ҷавобгӯ гардонида,  ҳамзамон назоратро дар ин самтҳо пурзӯр намоянд.

Ҳамзамон, ба ҷамъомади мазкур масъулини раёсатҳои амалиётӣ, ташкил ва сафарбарии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссариати ҳарбии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардида, суханрониҳо карданд.

Ҷамъомади мазкур дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида шуда, ба иштирокчиён талаботҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии нав ба тасвибрасида дар самти омодагӣ ба сафарбарӣ ва омодабошии ҷангӣ расонида шуд. 

Гуфтанист, ки ин чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои талаботҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 январи соли 2021, Нақшаи чорабиниҳои асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2022, бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбӣ ва савияи дониши масъулини корњои оперативӣ ва сафарбарӣ бо дастури Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Р.Назарзода  гузаронида шуданд.

 

Ҳ.Оқилзода, Сардори Раёсати
ташкил ва сафарбарӣ, полковник.